Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио густариш меёбад

Август 7, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бахусус телевизион ва радио имрӯз зимни вохӯрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баррасӣ гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Раиси Кумитаи телевизион ва радио оид ба имконоти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио маълумот дода, тавсеаи равобити дуҷониба дар ин самтро барои муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги ду давлат муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид шуд, ки шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон дар баробари дигар забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба забони арабӣ низ барномаҳо таҳия ва пахш менамоянд. Дар ин росто, истифода аз таҷрибаи ҷониби Фаластин, ки забони давлатии он арабӣ мебошад, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони кумита ва омӯзиши таъриху фарҳанги ин давлат мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии телевизион ва радиои Давлати Фаластинро, ки дар баррасии тарафҳо қарор дорад, воситаи муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати ҳарчи зудтар омода ва ба имзо расидани онро таъкид карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дар навбати худ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи телевизион ва радио, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардумони ду мамлакат иброз намуд.

Август 7, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд