Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акрам Мадумаров суҳбати телефонӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Зимни суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро баррасӣ карданд. Дар рафти он, муҳимияти дар асоси муқаррароти созишномаҳо ва протоколҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ пайваста татбиқ намудани як қатор чорабиниҳо, аз қабили гузаронидани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, то пурра дар асоси қонун ба расмият даровардани хати сарҳади давлатӣ, зикр карда шуд.
Ба муҳимияти риояи муқаррароти дахлдори Созишнома байни кишварҳои Осиёи Марказӣ “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштарак ва ҳифзи захираҳои обии манбаъҳои байнидавлатӣ” ва пешгирии амалҳои яктарафа, ки ба манфиати ҷонибҳо таъсир мерасонанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамраисон дар бораи зарурати фаъол сохтани кори Комиссия оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ибрози назар карда, омодагии худро ҷиҳати пешбурди гуфтушунидҳои созанда оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳади давлатӣ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои ҳамҷавори дӯстонаву ҳамкории ду кишвар изҳор доштанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






