«Ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳа»-таҳти чунин унвон барои литсейҳои касбии техникӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳа» барои аъзои Кумитаи машваратии соҳавии назди муассисаҳои таълимии литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни баргузории машварат мутахассисони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа, коршиносон, намояндагони Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ, 140 нафар ширкат намуданд, ки 57 нафарашон занон буданд.
Зимни машварат татбиқи сиёсати гендерӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи занон дар бозори меҳнати мамлакат ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди оила, методологияи таълим дар асоси салоҳият, нақши Кумитаи машваратии соҳавӣ дар таҳкими системаи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ва механизми дарёфти роҳҳои тавонмандсозии Кумитаи машваратии соҳавӣ баррасӣ гардид.
Ҳадафҳои асосии Лоиҳа- ворид намудани навоварӣ дар методологияи омодасозии мутахассисон барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин Лоиҳа барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, дастрасии баробар ба барномаҳои таълимӣ ва тақвияти идоракунию роҳбарӣ дар системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






