Балҷувон ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ рушд мекунад

Август 31, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақа ва омодагиҳо ба мавсими пасобуҳронӣ дар ҳамоиши «Рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Балҷувон», ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар ин ноҳия доир шуд, мавриди баррасӣ ва табодули афкори иштирокдорон қарор гирифт. Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода, раиси ноҳияи Балҷувон Шералӣ Ҷалилзода, масъулини марбутаи соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорон ва сокинони фаъоли ноҳия иштирок доштанд.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки мақсади ташкили ҳамоиш иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа дар минтақаҳо, муайян намудани имкониятҳои мавҷуда, омодагиҳо ба мавсими пасобуҳронӣ, инчунин таҳия намудани маводи нави иттилоотию сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода иброз дошт, ки ба туфайли таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи сайёҳӣ дар ин замина корҳои зиёде ҷиҳати ба вуҷуд овардани инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳияи Балҷувон амалӣ гардиданд. Ин талошҳо ноҳияи Балҷувонро ба гӯшаи ҷаззоби сайёҳӣ табдил додаанд.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Балҷувон табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонанд барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия истифода шаванд. Бахусус рушди намудҳои сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, фарҳангӣ барои ин минтақаи кӯҳистон хос мебошад. Бо назардошти он ки ноҳияи Балҷувон дорои табиати зебои нотакрор, иқлими мусоид ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадимӣ мебошад, қаламрави он бо қарори Ҳукумати мамлакат минтақаи туризми байналмилалӣ эълон шудааст.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар ин ноҳия баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуданд.

Инфрасохтори сайёҳии ноҳия сол то сол рушд намуда, айни замон дар ин ҷо 7 меҳмонхона, 4 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 43 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 1 ҳомстей ва як гулгашт мавҷуд буда, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

«Дар кори ҳамоиш вобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта, ки ба рушди соҳа дар минтақа монеа эҷод менамояд, аз ҷумла ташкили шуъбаи рушди сайёҳӣ дар ноҳия бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, раванди татбиқи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар маҳал ва маблағгузории он, ташкили гӯшаҳои сайёҳӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ, таъсиси сомонаи алоҳида вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ноҳия, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва фаъол намудани онҳо дар маҳалҳо, ба талабот ҷавобгўй намудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо, насби харитаи сайёҳии ноҳия дар даромадгоҳи ноҳия, дар мавзеъҳои сайёҳӣ ташкили гестҳаусҳо бо такя ба унсурҳои миллӣ ва нигаҳдошти ҳолати санитарию гигиении онҳо, таъсис додани ҷойҳои бештари корӣ аз ҳисоби сайёҳӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва дар маҷмуъ ба минтақаи туризми байналмилалӣ мутобиқ намудани имкониятҳои қабулу хизматрасонӣ дар ноҳия масълагузорӣ гардида, вобаста ба рафъи онҳо дастуру маслиҳатҳои зарурӣ дода, роҳҳои ҳалли онҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд», — иброз доштанд дар Кумита.

Аз рўи таҳлилҳои гузаронидашуда дар соҳа ва мушкилиҳои ҷойдошта ба сохторҳои марбута ҷиҳати ҳавасмандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи сохторҳои дахлдор бо мақоми ваколатдор ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи сиёсати босамари давлатии соҳаи сайёҳӣ, ташкили омўзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти ташаккули тиҷорати сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои минтақаҳои бартариятдошта, таҳия ва чопи маводи таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби ноҳия, таъмини мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, инъикоси ҳамаҷонибаи имкониятҳои сайёҳии ноҳия тариқи ВАО, тартиби пешниҳод намудани маълумоти дурусти омори сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имтиёзҳои пешниҳодгардида дар соҳа тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Пас аз кори ҳамоиш роҳбарият ва масъулини марбутаи соҳа аз имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла мавзеъҳои Сари Хосор, осорхонаи таърихиву мардумшиносии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар деҳаи Шаҳидон ва ёдгориву қалъаҳои таърихӣ дидан намуданд.

Август 31, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд