Чемпионати Осиё оид ба бокс бо сабаби бемории COVID-19 ба соли 2021 гузаронида шуд

Август 23, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 23.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки бояд моҳҳои ноябр-декабр дар  Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи COVID-19 ба соли оянда гузаронида шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Дар ин бора ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё, ки тариқи фосилавӣ доир гашт, қарор қабул намуд.

Ҷумҳурии Ҳиндустон мизбони мусобиқа боқӣ мемонад. Санаи дақиқи баргузор шудани мусобиқа дар ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё моҳи ноябри соли 2020 муайян мегардад. «Конфедератсияи бокси Осиё тасмим гирифт, ки имсол имкон дорад фақат як мусобиқаро моҳи ноябр дар Чин доир намояд ва дар он беҳтарин муштзанҳо иштирок хоҳанд кард. Вале ин танҳо дар нақша аст, ҳоло баргузории он аниқ нест», — гуфтааст Коули.

Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов  соли гузашта дар Чемпионати бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони чемпионӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни то 64 кило баъди се пирӯзӣ ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Обада Ал-Касбе аз Урдун дастболо шуд.

Зимнан, Баҳодур Усмонов дар таърихи бокси тоҷик чорумин муштзанест, ки ба гирифтани унвони чемпиони Осиё мушарраф шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки ду муштзани шинотаи тоҷик — Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило – дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки моҳи марти имсол дар шаҳри Аммони Урдун доир гардид, ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтанд.

Олимпиадаи Токио-2020 ба далели пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтода, ба соли 2021 гузаронида мешавад.

Август 23, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд