Дар Хатлон даври аввали Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи тартиби нав ҷараён дорад

Август 4, 2020 09:25

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрави вилояти Хатлон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Баъд аз ҷамъбасти даври аввали озмун дар ноҳияҳои Қубодиён ҳайати ҳакамони озмун аз 16 нафар довталаб се нафарро дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ ва ду нафарро дар номинатсияи навозандаи жанри академӣ  пазируфта, барои иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ноҳияи Шаҳритуз аз 11 нафар иштирокчӣ дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ се нафар, дар номинатсияи сарояндаи жанри академӣ як нафар ва дар номинатсияи навозандаи жанри эстрадӣ ду нафар пазируфта шуда, ба даври дуввум роҳ ёфтанд.

Дар даври аввали озмун дар ноҳияи Носири Хусрав 10 нафар довталабон иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун ду нафар иштирокчии номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ ва як нафар иштирокчии номинатсияи сарояндаи жанри анъанавиро барои санҷиши маҳорату истеъдод дар даври дуввум интихоб намуданд.

Тибқи тартиби нави баргузории даври аввал, дар вилояти Хатлон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 25 июл то 3 сентябр идома меёбад, ки беҳтаринҳои он ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.

Озмуни мазкур баҳри тарғиби санъати асил,  боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, синни иштирокчиён аз 8 то 40 муқаррар карда мешавад. Инчунин суруду оҳангҳо дар асоси талаботи Низомномаи мазкур, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг ба тозагӣ  таълиф шудаанд, ба озмун пешниҳод мешаванд.

Ҳамчунин суруду оҳанги академӣ дар сабти нотавӣ ва маводи дигар дар шакли аудиоӣ ва видеоӣ пешниҳод мегарданд (ба истиснои «минус»-и сурудҳои эстрадӣ ва анъанавӣ). Дар озмун истифодаи фонограмма манъ аст.

Дар озмун ҳангоми баҳогузорӣ ба ҳунари довталаб ба меъёрҳои асосӣ- мазмуну мундариҷа,  сатҳи бадеият, навоварӣ, унсурҳои тозаэҷод, ҷаззобияти шеъру суруд, оҳангҳо,  истеъдоди иҷрокунандагӣ ва маҳорати саҳнавӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Акс аз бойгонӣ

Август 4, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ