Дар Хатлон даври аввали Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи тартиби нав ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрави вилояти Хатлон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Баъд аз ҷамъбасти даври аввали озмун дар ноҳияҳои Қубодиён ҳайати ҳакамони озмун аз 16 нафар довталаб се нафарро дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ ва ду нафарро дар номинатсияи навозандаи жанри академӣ пазируфта, барои иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ноҳияи Шаҳритуз аз 11 нафар иштирокчӣ дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ се нафар, дар номинатсияи сарояндаи жанри академӣ як нафар ва дар номинатсияи навозандаи жанри эстрадӣ ду нафар пазируфта шуда, ба даври дуввум роҳ ёфтанд.
Дар даври аввали озмун дар ноҳияи Носири Хусрав 10 нафар довталабон иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун ду нафар иштирокчии номинатсияи сарояндаи жанри эстрадӣ ва як нафар иштирокчии номинатсияи сарояндаи жанри анъанавиро барои санҷиши маҳорату истеъдод дар даври дуввум интихоб намуданд.
Тибқи тартиби нави баргузории даври аввал, дар вилояти Хатлон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 25 июл то 3 сентябр идома меёбад, ки беҳтаринҳои он ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.
Озмуни мазкур баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик равона гардидааст.
Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, синни иштирокчиён аз 8 то 40 муқаррар карда мешавад. Инчунин суруду оҳангҳо дар асоси талаботи Низомномаи мазкур, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг ба тозагӣ таълиф шудаанд, ба озмун пешниҳод мешаванд.
Ҳамчунин суруду оҳанги академӣ дар сабти нотавӣ ва маводи дигар дар шакли аудиоӣ ва видеоӣ пешниҳод мегарданд (ба истиснои «минус»-и сурудҳои эстрадӣ ва анъанавӣ). Дар озмун истифодаи фонограмма манъ аст.
Дар озмун ҳангоми баҳогузорӣ ба ҳунари довталаб ба меъёрҳои асосӣ- мазмуну мундариҷа, сатҳи бадеият, навоварӣ, унсурҳои тозаэҷод, ҷаззобияти шеъру суруд, оҳангҳо, истеъдоди иҷрокунандагӣ ва маҳорати саҳнавӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Акс аз бойгонӣ








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






