Дар интихоботи Президенти Беларус 4 нафар нозирон аз Тоҷикистон ширкат варзиданд

Август 10, 2020 10:37

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 нафар нозирон аз Тоҷикистон — роҳбари Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Ашӯров, намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Юсуфбек Шодмонбеков ва коршинос Ибодулло Раҳимов 9 август дар интихоботи Президенти Беларус ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои ТАСС, интихоботи президентӣ дар Беларус бидуни иштироки маъмулии нозирони баъзе сохторҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДҲБ САҲА), ки маъмулан ба ҷумҳурӣ миссияҳои нозирон мефиристод, аз мушоҳидаи ҷараёни маъракаи мазкур худдорӣ кард. Дафтари ДИДҲБ изҳор дошт, ки Вазорати корҳои хориҷии Беларус сари вақт даъватномаи дахлдор ирсол накардааст. Ассамблеяҳои парлумонии САҲА ва Шӯрои Аврупо низ нозирони худро нафиристоданд.

Нозирони байналмилалиро асосан ҳайати ИДМ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев намояндагӣ карданд.

ДАР АКС: Нозирон аз Тоҷикистон 8 август дар ҷаласаи ташкилии нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар Мински Беларус иштирок карданд.

Комиссияи марказии интихоботи (КМИ) Беларус тақрибан 250 нозири байналмилалиро аккредитатсия кард, ки беш аз 180 нафар сохторҳои ИДМ-ро намояндагӣ менамоянд. Илова бар он, ба 70 нфар  дипломатҳои сафоратҳои хориҷӣ аккредитатсия дода шуд. Арманистон, Исроил, Литва, Фаластин, Руминия, ИМА, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Франсия, Шветсия ва Эстония нозирони худро аккредитатсия карданд.

Аз тарафи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 52 нозири байналмилалӣ аз ҳашт давлати Иттиҳод дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар ва участкаҳои хориҷӣ аккредитатсия шуданд.

ДАР АКС: Раиси Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова бо нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки ба он раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ низ шомил буд, мулоқот кард. 8 август, Минск, Беларус.

Ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Россия оид ба сохтори федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои шимолӣ Олег Мелниченко буд. Ба Гурӯҳи мушоҳидон аъзои парлумон ва намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон, котиботи Ассамблеяи байнипарлумонӣ, инчунин коршиносони Пажӯҳишгоҳи байналмилалии рушди демократия дар кишварҳои ИДМ шомил буданд.

ДАР АКС: нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ф. Раҳимӣ ва коршинос И. Раҳимов, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ-ро муаррифӣ мекард. Аз тарафи рост аввал — котиби Сафорати ҶТ дар Беларус С. Хатлонӣ. АКС  аз АИ «БелТА».

Август 10, 2020 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид