Дар маркази ноҳияи Рӯшон сутунпояи Парчами миллӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад

Август 10, 2020 14:26

ХОРУҒ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар канори рӯдхонаи Панҷ дар остонаи 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сутунпояи Парчами миллӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад.

Дар  атрофи ин парчам аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳои сангпӯш, ҳавзи оббозӣ, маркази дилхушӣ барои кӯдакону наврасон бунёд ёфта, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонида мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди майдони Парчами миллӣ ва боғи фароғатӣ 620 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, корҳои ободонию сабзазоркуниро дар баробари кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ сокинони маркази ноҳия бар уҳда гирифтаанд.

Як сокини ноҳия Назаршо Шералиев гуфт, ки «ин ҳама ободкориҳо ба хотири насли имрӯзу ояндаи ҳамин сарзамин аст. Ман хушҳолам, ки дар бунёди майдони Парчами миллӣ ва боғи фароғатӣ каме ҳам бошад, саҳм мегузорам. Фардо агар ҳамроҳи наберагони худ барои истироҳат ба ин боғ биёям, бо ифтихор хоҳам гуфт, ки  фалон дарахтро ман шинондаам, то шумо аз меваҳояш баҳра баред ва дар сояаш дам гиред».

Атрофи боғ пурра панҷара кашида шуда, мутахассисони соҳаи барқ ба насбу васл кардани чароғҳои барқӣ машғуланд. Занону духтарон ниҳолҳои гулро, ки қаблан дар гулдонҳо парвариш карда буданд, имрӯзҳо дар атрофи сутунпояи парчам мешинонанд. Сокини ин ноҳия Перӯза Замирова, ки ҳамроҳи ду наберааш чанд рӯз боз дар маъракаи гулшинонӣ ширкат меварзад, ин иқдоми мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияро сутуда, изҳор намуд, ки бо бунёд ёфтани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи маркази ноҳия зеботар мешавад.

Август 10, 2020 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд