Дар НБО-и «Қайроққум» корҳои лоиҳавии таҷдид ҷараён доранд

Август 6, 2020 16:45

ДУШАНБЕ, 06.08.2020. /АМИТ Ховар/. Новобаста аз паҳншавӣ ва таъсири пандемияи коронавируси нав дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» корҳои лоиҳавии таҷдиди неругоҳ тибқи нақша ҷараён доранд. Доир ба ин масъала ва паҳлуҳои дигари фаъолияти ин неругоҳ сардори Шабакаҳои барқи вилояти Суғд Тӯра АТАМОВ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ДАДАБОЕВ иброз дошт, ки аз оғози амалишавии лоиҳаи таҷдиди НБО-и «Қайроққум» то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои таҳқиқотӣ ва омодасозӣ, чун корҳои топографӣ, геофизикӣ, геотехникӣ, картографӣ, таҳқиқоти қаъри замин, андозагирии қисми обгузор ва бетонии неругоҳ (3D сканирования), таҳқиқоти қисми зериобӣ (батиметрия), озмоиши модели турбина, азназаргузаронии ҳолати зериобии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва қисми бетонӣ (корҳои ғаввосӣ), лоиҳакашии муфассал доир ба таҷҳизоти ёрирасон, корҳои омодасозӣ, тартиби нақшаҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, нақшаи таҳлия ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва нақшаи сифат ба иҷро расонида шудаанд.

Инчунин дар ҳудуди заминҳои неругоҳ барои сохтмончиён биноҳои ёрирасон, ба монанди хобгоҳҳо, нуқтаи қабули хӯрок, қароргоҳҳо бунёд карда шуда, айни замон таҳлили ҳаматарафаи корҳои таҳқиқотӣ ҷараён дорад. Дар асоси таҳлилҳо лоиҳаи таъмиру барқарорсозии сарбанди хокӣ ва бетонӣ омода шуда истодааст.

Ба гуфти Т.Атамов, ҳоло таҷдиду барқарорсозии неругоҳ мувофиқи нақшаи татбиқи лоиҳавӣ бомаром идома ёфта, дар ин самт то ба имрӯз як қатор корҳо, чун барқарорсозии 3 адад кранҳои борбардор, таъмири ошёнаҳои 4,5 ва 6-уми бинои идоракунии неругоҳ, таъмири майдончаи васли пӯшида ва боми сайёри он, истеҳсол ва дастрас намудани 3 маҷмӯъ панҷараҳои хасрӯба ба неругоҳ, таҷзияи панҷараҳои хасрӯбаҳои кӯҳна ва насби панҷараҳои нав, таҷзияи таҷҳизоти кӯҳнаи гидравликии борбардории ғалақаҳои турбинӣ иҷро гардидаанд.

Айни замон корҳои лоиҳакашии муфассали таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон дар марҳилаи анҷом қарор дошта, ҷойгиркунии фармоишҳои таҷҳизот дар заводҳо ҷараён дорад.

Имрӯзҳо дар неругоҳ бо мақсади сари вақт ва мувофиқи нақшаи пешбинишуда татбиқ намудани корҳои лоиҳавӣ чораҳои зарурӣ, чун ташкили корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар 2 баст, ҳар ҳафта гузаронидани вохӯрии техникӣ якҷоя бо лоиҳакашон ва ба таври муносибгардонӣ (оптимизатсия) иҷро намудани корҳои амалан имконпазир аз рӯи ҷадвали татбиқи лоиҳа роҳандозӣ гардидаанд.

Гуфта шуд, ки таҷдиди НБО-и «Қайроққум» аз тарафи Консортсиуми ширкатҳои “General electric Hydro”(Франсия),  “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Сobra Instalaciones servicios S.A” (Испания) иҷро шуда  истода, мувофиқи ҷадвал татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО- и «Қайроққум» санаи оғози татбиқ 7 марти соли 2019 буда, муҳлати ба анҷом расидани лоиҳа 57 моҳ дар назар гирифта шудааст.

Тибқи қарордоди ба имзорасида  маблағи пешбинишуда барои татбиқи лоиҳа 49,9 млн.доллари ИМА буда, марҳилаи таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он бо зиёд намудани иқтидори НБО аз 126 МВт то ба 174 МВт пешбинӣ шудааст. Корҳои таъмиру таҷдид дар ду марҳила амалӣ шуда, пас аз пурра ба анҷом расидани барқарорсозӣ истеҳсоли неруи барқ дар НБО-и «Қайроққум» то 38% афзоиш ёфта, иқтидори он  аз 126 ҳазор кВт.соат то ба 174 ҳазор кВт.соат расонида шуда, муҳлати истифодаи таҷҳизот низ зиёд мегардад.

Бояд гуфт, ки нақшаи сохтмони неругоҳи «Қайроққум» ҳанӯз соли 1940 тарҳрезӣ гардида, соли 1957 ба истифода дода шудааст. Давоми 63 соли корӣ аксари таҷҳизоти он кӯҳнаву таъмирталаб гардида, ниёз ба таъмиру таҷдид доранд.  Айни ҳол  системаи энергетикии вилояти Суғд Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва шаш шабакаи барқии минтақавиро, ки аз 18 шабакаи шаҳру ноҳиявӣ иборатанд, дар бар мегирад.

Ҳамзамон вобаста ба фаъолияти имрӯзаи нерӯгоҳ зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар Неругоҳи барқии обии «Қайроққум» 374,7 млн.кВт энергияи барқ истеҳсол гардидааст, ки он аз нақша 1,7 млн.кВт соат зиёд буда, қабули умумии энергияи барқи истифодагардида  2,53 млрд.кВт-ро ташкил дода, 2,16млрд.кВт соати он энергияи барқи фоиданоки истифодашуда ба ҳисоб меравад.

Ҳоло дар неругоҳ корҳои таъмири миёнаи гидрогенератори №2 идома дошта, дар давраи ҳисоботи таъмири ҷории боқимонда 5 гидрогенераторҳо, трансформаторҳои қуввагӣ, таҷҳизоти асосии барқӣ, насосҳои технологию объёрӣ ва кранҳои борбардор  гузаронида шудаанд.

Август 6, 2020 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд