Дар Ваҳдат ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус мулоқот доир гардид

Август 10, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати пешгирии паҳншавии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус COVID-19, омодагӣ ба соли нави таҳсил, риояи гигиенаи шахсӣ байни мактаббачагон ва кӯдакони боғчаҳо дар муассисаҳо, риояи масофаи иҷтимоӣ дар синфхонаҳо бо сокинон мулоқот доир намуд.

Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ба аҳолӣ расонида ва хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.

Август 10, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд