Президенти Тоҷикистон: «Ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари коронавирусро саҳл нагиранд»
ДУШАНБЕ, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавриди ба хонандагон омӯзонидани қоидаҳои одии беҳдоштӣ, ки саломатии ҳар инсон аз онҳо вобастагии қавӣ дорад, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур зикр намуданд, ки «падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ба хонандагону донишҷӯён қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Мо ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба оғози Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо дод.
Дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули хонандагони синфи аввал бо шодию нишот баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни оғози Рӯзи дониш дар ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ва №71-и ноҳияи Шоҳмансури шинос шуд. Дар ин ду муассиса қабули хонандагон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва ниқоб ба роҳ монда, даромадани волидайн ва шахсони бегона ба муассисаҳо қатъиян манъ шуда буд.
Дарси сулҳ дар муассисаи мазкур бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид, ки хонандагон тариқи оинаи нилгун онро тамошо карданд.
Муовини деректори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 Нодира Дадабоева иброз дошт, ки «имрӯз хонандагон бо шавқи баланд ва нияти илму донишандӯзӣ вориди мактабу синфхонаҳо шуданд. Акнун омӯзгорон омодаанд ба хонандагон ҳама маҳорату малака ва донишу маърифати доштаашонро омӯзонанд, зеро ин кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд».
Мавсуф иброз дошт, ки «дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассиса 340 нафар ба синфи аввал қабул гардида, онҳо дар се баст ба таълим фаро гирифта мешаванд. «Вазъияти имрӯза ба ҳамагон маълум аст ва ҷиҳати пешгирии бемории мазкур кӯшиш мекунем, ки ҳама дастур, супориш ва таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамеша аз эҳтиёт кор бигирем», — иброз дошт ӯ.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ноҳияи Шоҳмансур Нигина Нуъмонова гуфт, ки дар муассисаи онҳо шумораи хонандагон имсол 3 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 282 нафарашон хонандагони синфи аввал мебошанд.
Дар ин муассиса низ суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагони синфҳои 9-11 дар толори мактаб ва синфҳои поёнӣ дар синфхонаҳои худ тамошо карданд.
Номбурда изҳор намуд, ки ҳамасола бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардидани Дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар мамлакати мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.









Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд
Намояндаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид






