Президенти Тоҷикистон: «Ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари коронавирусро саҳл нагиранд»

Август 17, 2020 12:44

ДУШАНБЕ, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавриди ба хонандагон омӯзонидани қоидаҳои одии беҳдоштӣ, ки саломатии ҳар инсон аз онҳо вобастагии қавӣ дорад, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и  ноҳияи Шоҳмансур зикр намуданд, ки «падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ба хонандагону донишҷӯён қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Мо ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд».

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба оғози Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо дод.

Дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули хонандагони синфи аввал бо шодию нишот баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави  дониш  бо Дарси сулҳ оғоз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо ҷараёни оғози Рӯзи дониш дар ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ва №71-и ноҳияи Шоҳмансури шинос шуд. Дар ин ду муассиса қабули хонандагон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва ниқоб ба роҳ монда, даромадани волидайн ва шахсони бегона ба муассисаҳо қатъиян манъ шуда буд.

Дарси сулҳ дар муассисаи мазкур бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид, ки хонандагон тариқи оинаи нилгун онро тамошо карданд.

Муовини деректори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 Нодира Дадабоева иброз дошт, ки «имрӯз хонандагон бо шавқи баланд ва нияти илму донишандӯзӣ вориди мактабу синфхонаҳо шуданд. Акнун омӯзгорон омодаанд ба хонандагон ҳама маҳорату малака ва донишу маърифати доштаашонро омӯзонанд, зеро ин кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд».

Мавсуф иброз дошт, ки «дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассиса  340 нафар ба синфи аввал қабул гардида, онҳо дар се баст ба таълим фаро гирифта мешаванд. «Вазъияти имрӯза ба ҳамагон маълум аст ва ҷиҳати пешгирии бемории мазкур кӯшиш мекунем, ки ҳама дастур, супориш ва таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамеша аз эҳтиёт кор бигирем», — иброз дошт ӯ.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ноҳияи Шоҳмансур Нигина Нуъмонова  гуфт, ки дар муассисаи онҳо шумораи хонандагон имсол 3 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 282 нафарашон хонандагони синфи аввал мебошанд.

Дар ин муассиса низ суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагони синфҳои 9-11 дар толори мактаб ва синфҳои поёнӣ дар синфхонаҳои худ тамошо карданд.

Номбурда изҳор намуд, ки ҳамасола бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардидани Дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар мамлакати мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Август 17, 2020 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид