Эпидемиолог: Мавҷи дуюми коронавирус дар дунё эҳтимол тирамоҳ хуруҷ кунад

Август 10, 2020 08:35

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Доктори илмҳои тиббӣ, эпидемиолог ва коршиноси соҳаи назорат ва пешгирии уфунатҳои вирусӣ Михаил Фаворов хуруҷи  мавҷи дуюми коронавирусро дар дунё дар тирамоҳ  тахмин мекунад, хабар медиҳад РИА “Новости”.

«Моҳи август ва нимаи моҳи сентябр мо танаффус хоҳем дошт. Аммо ин боз ҳамон ноустувории мавсимӣ аст», — гуфт табиб ба Антон Красовский ҳангоми мусоҳиба барои RT.

Ба фикри мутахассис, болоравии мавсимӣ эҳтимолан миёнаи тирамоҳ сурат гирад. Ашхосе, ки дар ин давра бемор мешаванд, нисбат ба онҳое, ки тобистон сироят ёфта буданд, уфунатро душвортар хоҳанд гузаронид, — тахмин мекунад Фаворов.

«Вай ба мисли ҷойҳои дигаре, ки онҷо аслан беморӣ вуҷуд надошт, чандон даҳшатнок нахоҳад буд, аммо эҳтимоли хуруҷи он мавҷуд аст, чунки эпидемия замоне қатъ мешавад, ки шумораи эмшудагон 70 фоизро ташкил намояд.  Вале  дар Москваи мо эмшудагон ҳамагӣ 30 фоизро ташкил медиҳанд», — шарҳ дод эпидемиолог.

Вай инчунин дар хусуси чӣ тавр гузаштани мавҷи дуввум дар Россия тахминҳояшро иброз намуд. Ба ақидаи ӯ, дар Москва болоравӣ оҳиста — оҳиста, вале хеле барвақт шурӯъ мешавад. Гузашта аз ин, худи вирус нисбат ба ҳоло шадидтар хоҳад буд.

«Афзоиш оҳиста — оҳиста, вале бо итминон шурӯъ мешавад, аммо, масалан, ба рақамҳои моҳи апрел нахоҳад расид. Хуб, шояд бирасад, аммо ин дар моҳҳои ноябр — январ ба вуқӯъ меояд ва баъдан  коҳиши тадриҷии он сар мешавад», — гуфт Фаворов.

Зимни шарҳи вазъият дар Москва вай зикр кард, ки афзоиш оҳиста — оҳиста сурат мегирад ва назорати он хеле осон хоҳад буд.

Дар навбати худ ба Санкт-Петербург зарур аст, ки ба афзоиши мавсимӣ ҷиддитар омодагӣ бигирад, чунин меҳисобад эпидемиолог.

«Дар мавриди Сочӣ, ман фикр мекунам, ки мисли дигар шаҳрҳои соҳилӣ тасвир чандон равшан нест. Тасвир байни Москва ва Санкт-Петербург ба назар хоҳад расид»,  — таъкид кард ӯ.

Фаворов илова кард, ки ниқобҳоро боз ду соли дигар пӯшидан лозим меояд.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл мири шаҳр Сергей Собянин гуфта буд, ки дар Москва дар бораи эҳтимоли мавҷи дуввуми коронавирус сухан намеравад.

«Мавҷи дуввум — яъне одамон дубора зери хатари сироятёбӣ қарор мегиранд, аммо ин ҳолат дар мо ва дар ҳеҷ ҷои дунё амалан сурат нагирифтааст. Чаро мо афзоиши босуръатро дар баъзе минтақаҳо мушоҳида мекунем? Барои ин ки онҳо ҳатто мавҷи аввалро аз сар нагузаронидаанд”, — гуфт шаҳрдор.

Вай зикр кард, ки шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Москва, Лондон, Париж ва Ню-Йорк ин марҳиларо аллакай гузаштаанд.

Собянин хотиррасон кард, ки қаблан ҳар рӯз шашу ним ҳазор ҳолати нави сироятшёбӣ сабт мешуд, ҳоло ин рақам аз 650 ҳолат зиёд нест.

Дар моҳи июн низ шаҳрдор иброз дошта буд, ки дар Москва мавҷи дуввум зуҳур нахоҳад кард, чунки дар байни сокинони шаҳр иммунитети дастаҷамъӣ пайдо шуда истодааст.

АКС аз бойгонӣ

Август 10, 2020 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид