ИНТИХОБОТ-2020. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон номзади худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард
ДУШАНБЕ, 22.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) Абдуҳалим Ғаффоров дар анҷумани XI ғайринавбатии ҳизб номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Мувофиқи моддаи 10-уми Оинномаи ҲСТ бояд меъёрҳои интихоботи вакилон ба анҷуман муайян карда мешудаанд. Бинобар ҳамин аз 21 600 нафар аъзоёни ҳизб 51 нафар ба анҷумани навбатии ҳизб вакил даъват гардиданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки бо овоздиҳии якдилонаи вакилони анҷуман Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Дар анҷуман Раиси ҲСТ маърӯза намуда, зикр кард, ки дар тӯли 24 соли мавҷудияташ ҳизб дар тамоми равандҳои сиёсие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, иштирок намуд.
Яке аз масъалаҳои умдатарине, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҲСТ тазаккур ёфтааст, масъалаҳои сиёсӣ, кадрӣ, тандурустӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва фарҳангу маориф мебошанд.
Дар анҷуман зикр гардид, ки солҳои 2006-2013 номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуда, соли 2015 ва 2020 номбурда ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 11 октябри соли 2020, рӯзи якшанб баргузор мегардад.