ИНТИХОБОТ-2020. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон номзади худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард

Август 22, 2020 13:52

ДУШАНБЕ, 22.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) Абдуҳалим Ғаффоров дар анҷумани XI ғайринавбатии ҳизб номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.   

Мувофиқи моддаи 10-уми Оинномаи ҲСТ бояд меъёрҳои интихоботи  вакилон ба анҷуман муайян карда мешудаанд. Бинобар ҳамин аз  21 600 нафар аъзоёни ҳизб 51 нафар ба анҷумани навбатии ҳизб вакил даъват гардиданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки бо овоздиҳии якдилонаи вакилони анҷуман Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб карда шуд.

Дар анҷуман  Раиси ҲСТ маърӯза намуда, зикр кард, ки дар тӯли 24 соли мавҷудияташ ҳизб дар тамоми равандҳои сиёсие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, иштирок намуд.

Яке аз масъалаҳои умдатарине, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҲСТ тазаккур ёфтааст, масъалаҳои сиёсӣ, кадрӣ, тандурустӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва фарҳангу маориф мебошанд.

Дар анҷуман зикр гардид, ки солҳои 2006-2013 номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуда, соли 2015 ва 2020 номбурда  ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шудааст.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат  11 октябри соли 2020, рӯзи якшанб баргузор мегардад.

Август 22, 2020 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон