«Истиқлол» ва КМВА дар даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Август 13, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 13.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 12  август се бозии даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии дастаҳои футболи  КМВА  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобати марказии даври 11-уми Лигаи олӣ ба шумор мерафт. Сабқати  ин  дастаҳо хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 бар нафъи дастаи  КМВА хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Нодирбек Иброҳимов ду тӯб, Билол Сулаймонов, Шамсиддин Қосимов ва Шодибек Ғаффоров якголӣ ба ҳадаф расонданд. Голи дастаи «Регар-ТадАЗ» —и Турсунзодаро  Нозим Бобоҷонов ба нишон расонид.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби мусовӣ, яъне бидуни гол анҷом ёфт.

Дар бозии дигари  даври мазкур чемпиони феълии Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе ғалабаи навбатиро ба даст овард. «Истиқлол» ин бор ба дарвозаи дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се голи беҷавоб зад. Рақобати ин  дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар   сатҳи баланд  доир гашт. Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳоро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ду бозии дигари даври ёздаҳуми Чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан бо «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе  ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар  байни  ҳам рақобат мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Регар-ТадАЗ» – КМВА – 1:5

Голҳо: Нодирбек Ибрагимов, 6 (0:1). Нодирбек Ибрагимов, 68 (0:2). Нозим Бобоҷонов, 77 (1:2). Билол Сулаймонов, 84 (1:3). Шамсиддин Қосимов, 87 (1:4). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (1:5).

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир» – 0:0

«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 24 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (3:0).

Август 13, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд