Китоби нави «Саразм ва баъди Саразм» ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки моҳи сентябри соли равон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад, китоби калону мунаққаши адиб ва пажӯҳишгари номвар Шераки Ориён бо номи «Саразм ва баъди Саразм» ба табъ расид.
Тавре муаллифи китоби тозанашр Шераки Ориён зикр кард, Саразм аз муқаддасот ва муқаддамоти айёми пешин буд ва маркази русуму ойин ва салтанату давлат ба ҳисоб мерафт. Аз ин боис Саразмро «Кенти Панҷ», яъне «шаҳри муқаддас», ё бо тарзи дигар бигӯем Панҷ+кат ё Панҷекат ҳам меномиданд. «Кенти Панҷ» дар замонҳои қадим, яъне панҷуним — шаш ҳазор сол муқаддам барои маҳаллоти дигари Осиёи Марказӣ ва Осиёи Миёна пешсаф, пешрав ва намунаи ибрату тимсоли пайравиҳо буд. Ин ҳама дар воқеаҳои таърихӣ, дар тақдири одамони даврони гуногун ва дар саргузашти маконҳои қадим бозгӯ шудаанд.
«Ман дар асар кӯшиш кардам, ки саргузашти Саразму идомаи онро ва саргузашти диёру тақдири фарзандони онро дар шакли пажӯҳиш ё ба тарзи бадеӣ ба таҳлил кашам, ки ҳамагӣ ба ҳам омада, симои таърихию фарҳангии як пораи азизи давлати бостон ва мардуми онро рӯшану дақиқ ҷилванамо созам, хонандаро шефтаю баста гардонам»,-гуфт муаллифи асар.
Китоб бо саҳми «Шуъбаи ташкилоти байналхалқии Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди мадад» рӯи чоп омадааст.
Ин чорумин китоби Шераки Ориён аст, ки дар муддати чанд моҳ ба табъ расид. Нахустинаш «Писарак Варғуман ва духтарак Уғдғунчаи ҳунарпанҷа» ном дошта, се қиссаи таърихиро доир ба ин мавзеъ дар бар мегирад. Дигараш дар шакли мухтасари «Саразм ва баъди Саразм» мебошад. Сеюмин бо ҳуруфи сирилик ва ҳуруфи ниёгон дар як китоб ба ҳам омадааст. Инак шакли муфассалу фасеҳи ин китоб мунаққаш бо банду басти хосса ба табъ расид.
Муаллиф Шераки Ориён ният дорад, ки китоби панҷумини худро аз ин силсила бо забони русӣ ва англисӣ барои нашр омода намояд ва гӯяндаи таърихи Саразм ва саргузашти мардумони он бишавад.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид






