Конибодом: Ба гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1000 сомонӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмунро бо маблағи 1000 сомонӣ хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 Мубина Маҳкамова ба даст овард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ ба ғолибони ҷойи аввал дар ҳаҷми 700 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 300 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуд.
Шумораи зиёди иштирокчиён ва омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ба озмун далели маҳбубияти хосса пайдо кардани озмуни мазкур буд. Озмун ду рӯз идома ёфта, беҳтарин иштирокчиён аз даври шаҳрӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Тибқи Низомномаи озмун даври дуюм дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) ҷамъбаст гардида, ғолибони ин давр ба даври сеюм, ки нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, роҳхат мегиранд.
Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ва дигар ташкилот ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид






