Коршиноси СУТ: Камтар аз 10% одамон мубталои COVID-19 шудаанд

Август 4, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар/. Танҳо ҳудуди 10% одамон  мубталои уфунати вобаста ба коронавируси нав шудаанд. Дар ин бора коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Мария ван Керкхове зимни брифинг эълом намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар мавзӯи суботнокӣ дар муқобили COVID-19 таҳқиқоти зиёд гузаронида шуда, дар саросари ҷаҳон гузоришҳо нашр мегарданд, ки СУТ онҳоро бодиққат мутолиа менамояд. «Аксари таҳқиқот нишон медиҳанд, ки камтар аз 10% одамон мубтало мебошанд, яъне онҳо дар кадом лаҳзае сироят ёфтаанд», — зикр намуд коршинос. — Кормандони соҳаи тиб бештар ба ин  хатари гирифторанд ва бинобар ин нишондодҳои сироятёбӣ дар байни ин категория баландтар мебошанд.»

Мария ван Керкхове инчунин гуфт, ки ҳолати  воқеии фавт ҳангоми сироятёбӣ COVID-19 метавонад нисбат ба омори расмӣ камтар ва дар сатҳи 0.6% бошад. Вай шарҳ дод, ки чунин зарибро ҳангоми ба ҳисоб гирифтани ҳолатҳои сабтшуда ва сабтнашудаи сироятёбӣ  истифода намудан мумкин аст.

«Агар дар бораи фавт сухан гӯем, пас чанд роҳи муайян кардани     ҳисоби он вуҷуд дорад,-гуфт вай. — Аз ҳама содатарин —  ин муқоиса намудани шумораи фавтидагон бо шумораи сироятёфтагони сабтшуда мебошад.» Мувофиқи маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс, то имрӯз дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ бо COVID-19 аз марзи 18 миллион гузаштааст, беш аз 690 ҳазор тан бар асари мушкилоти вобаста ба уфунат ҷон бохтаанд. Мутаносибан, ҳисоби маргу мир дар чунин ҳолат 3,8 фоизро ташкил хоҳад кард.

«Вале дар айни замон қисми зиёди коршиносон зариби маргу мирро мутолиа ва теъдоди фавтҳоро, аз ҷумла аз ҳисоби тамоми одамони сироятёфта ба инобат мегиранд», — гуфт Мария ван Керкхове. Ба гуфтаи вай, ин нишондиҳанда дар сатҳи  1% аст ва дар чанд таҳқиқоти дигар сухан сари 0.6% меравад.

Коршинос зикр кард, ки ин рақам чандон таҳдидовар нест, аммо дар асл барои вирусе, ки сатҳи баланди паҳншавӣ дорад, хеле калон аст. «Аз ин рӯ, саъю кӯшиш асосан бояд ба кори пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии сироятёбӣ мута0марказ карда шавад — гуфт ӯ. – Дар ин ҳолат  муҳим ин аст, ки агар шумо сироят ёфта бошед, на танҳо худро, балки дигаронро низ муҳофизат кунед. Одамоне, ки мушкилоти саломатӣ доранд, аз фарбеҳӣ, бемориҳои дилу рагҳо ва роҳҳои нафаскашӣ азият мекашанд, ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд».

Хуруҷи бемории вобаста ба коронавируси нав охири соли 2019 дар Чини Марказӣ сабт шуда, сипас ба аксари кишварҳо паҳн гардид ва 11 март СУТ онро ҳамчун пандемия эътироф намуд.

АКС: https://edition.cnn.com/

Август 4, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид