Лату кӯб барои об. Авбошон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд

Август 11, 2020 09:38

ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар ҷараёни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карданд, ки дар ҷараёни муноқишаи лафзӣ шаҳрванд Мавлуда Содиқова, фурӯшандаи обҳои ташнагишикани минералӣ бо пояи оҳанини чатри калон ба сару рӯи шаҳрванд Фарҳод Мирзоумаров якчанд маротиба зарба задааст. Аз ин ҳол гумонбаршаванда Фарҳод Мирзоумаров ба хашму ғазаб омада, баъди аз дасти духтар кашида гирифтани пояи оҳанин ӯро мавриди лату кӯби шадид қарор додааст. Дар натиҷа ҷавонзани 27-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ беҳуш шуда, ба замин афтодааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки 6 август дар якчанд сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати дар натиҷаи латукӯб ба замин афтода, хобидани як ҷавонзан инъикос ёфтааст.

Зимнан, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намудаанд, то ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбат ба гумонбарон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шаванд.

Вобаста ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин навор аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои дахлдори фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, сабабу омилҳои сар задани ин ҳодисаи нанговар муайян ва нафари гумонбар дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас гардид.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки санаи мазкур шаҳрванд Мирзоумаров Фарҳод Файзиддинович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Роҳатӣ ҳангоми қарордошт дар кӯчаи С. Вализодаи ноҳияи Шоҳмансур бо шаҳрванд Содиқова Мавлуда Фарҳодовна, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Болошаҳр, фурӯшандаи обҳои ташнагишикани минералӣ баҳсу муноқиша намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур айни ҳол нисбат ба дастгиршуда Фарҳод Мирзоумаров тибқи талаботи моддаи 237, қисми 3 (бо татбиқи ҳабси пешакӣ) ва нисбат ба ҷавонзан Мавлуда Содиқова тибқи талаботи моддаи 237 қисми 1 (бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Август 11, 2020 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд