Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар деҳаи Навкори ноҳияи Кӯшониён оғоз гардид

Август 20, 2020 13:03

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар мамлакат аввалин шуда, кишоварзони ҶДММ «Водии заррин»-и деҳаи Навкори  ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд. Инчунин  мавсими чиниши ҳосили пахта дар навоҳии Шаҳритуз ва Дӯстии вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар оғози мавсими ҷамъоварии пахта дар деҳаи Навкори  ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, барои ҳавасмандӣ ба бонувони пахтачин ва чанд нафар пирони рӯзгордидаи деҳа туҳфаҳо тақдим намуд.

Ба гуфти масъулини ҶДММ Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин», имсол дар майдони 120 гектар пахтаи хушсифат парвариш шудааст.

Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар майдони 186 ҳазору 155 гектар чигит  кишт шудааст. Дар ин рӯзҳо деҳқонони баъзе аз ноҳияҳои ҷануби мамлакат агар ба ҷамъоварии ҳосили пахта омодагӣ дида истода бошанд, дар ноҳияҳои дигар давраи нашъу намои он ҷараён дорад.

Агар соли 2019 дар мамлакат дар 185 ҳазору 670 гектар чигит кишт шуда бошад, имсол кишти он назар ба соли сипаригардида 485 гектар зиёд мебошад. Соли равон дар вилояти Хатлон дар 124 ҳазору 175 гектар, Суғд- 589 ҳазору 5 гектар ва ноҳияҳои тебеи марказ дар 3 ҳазору 75 гектар чигит кишт шудааст.

Тавре ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидзода  иброз намуд, имсол тибқи тавсияҳои Сарвари мамлакат кишти пахта барвақт гузаронида шуд. Аз рӯи тавсияҳои амалигардида, имсол  ҷамъоварии пахта назар ба солҳои пешина барвақттар шурӯъ гардид.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Ҳукумати мамлакат ба тараққиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан соҳаи пахтапарварӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Зеро пахта амнияти саноатии ҷумҳуриро таъмин месозад. Инчунин барои таъмини рушду нумӯи физиологии ниҳоли пахта тадбирҳои агротехникӣ — коркарди асосии хок, ҷӯяккашӣ, кишти босифати тухмӣ, зичии ниҳолҳо, обёрӣ, нуриандозӣ, сарчинкунӣ ва ғайра бояд сари вақт ва босифат гузаронда шаванд. Замини пахта бояд аз нуриҳои маъданӣ ба таври кофӣ баҳравар бошад, зеро он зироатест, ки ба нуриҳои маъданӣ серталаб ва давраи ғизогириаш дароз мебошад.

«Аввали моҳи апрел паст шудани ҳарорати ҳаво ва гарм омадани охирҳои моҳи июл-аввали август ба парвариши пахта бе таъсир намонд. Кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз ин мушкилиро бо истифодаи  татбиқи  тадбирҳои кимиёӣ ва биологии мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо бартараф намуда истодаанд. Инчунин барои пешгирии чунин ҳолат бо такя ба тавсияҳои илман асоснокшуда, яъне сари вақт гузарондани корҳои агротехникӣ, аз ҷумла додани нурӣ, обмонӣ, шамолрав намудани байни қаторҳои пахтазор ва эмин нигоҳ доштани он аз касалию ҳашароти зараровар метавонем 15- 20 рӯз пештар шукуфтани пахтаро тезонда, аз ҳар гектар 30 – 35 сентнерӣ ҳосил рӯёнем. Барои нашъунамои хуби пахта коркарди байни қаторҳо, чобуқи дастӣ, нест кардани алафҳои бегона ва ғизодиҳиро сари вақт анҷом додан низ аҳамияти махсус дорад. Ба пахтазор дар мавсим 4 – 9 маротиба об мондан тавсия дода мешавад. Меъёри сарфи об дар давраи парвариш ба ҳар гектар дар таркиби хоки вазнин 10000 – 11000, миёна 9000 – 10000, сабук 8000 – 9000 метри мукааб мебошад»,- зикр намуд мавсуф.

Саидҷамол Саидзода  зикр намуд, ки яке аз роҳҳои ба даст овардани ҳосили фаровон дар ин рӯзҳо- ин сарчинкунӣ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар сурати сари вақт сарчин кардан дар ниҳолҳои пахта 2 — 3 кӯрак зиёд мегардад. Вазни пахтаи кӯрак  0,2 — 0,5 грамм афзуда, кӯракҳо 3 – 10 рӯз барвақттар мерасанд. Дар пахтаи миёнанах пайдо шудани 12 – 14 ва дар маҳиннах 16 – 18 навдаи ҳосилдеҳ вақти хубтарини  сарчинкунии пахта мебошад. Ҳамчунин дар навдаҳои алоҳидаи он низ сарчинкунӣ бояд гузаронида шавад.

Агар дар навдаи ниҳоли пахта гул пайдо гардида бошад, кишоварзон набояд умед кунанд, ки аз он шукуфта пахта гирифта мешавад. Зеро барои шукуфтани пахта ҳарорати баланди пурсамар лозим аст. Ҳоло давраи чунин ҳарорат гузаштааст ва он дигар намешукуфад.

Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо ба кишоварзон тавсия медиҳад, ки минбаъд барои зиёд шудани ҳосили пахта додани нуриҳои минералӣ қатъиян манъ аст. Зеро вақти додани нуриҳои минералӣ то 1 август тавсия дода мешуду халос.

Деҳқонон то шукуфтани охирин кӯраки пахта бояд обмониро давом диҳанд, зеро чунин амал барои инкишофи пахта мусоидат мекунад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Август 20, 2020 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»