ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН! Сокини Левакант Офтоб Тураева аз ҳисоби замини наздиҳавлигиаш 400 қуттии шартӣ консерваю мураббо захира намудааст

Август 13, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ҷамоати Гулистони шаҳри Левакант Офтоб Тураева 400 қуттии шартӣ консерва ва мураббо захира намудааст. Захираи зимистона аз ҳисоби рӯёнидани сабзавоту меваҷот аз заминҳои наздиҳавлигиаш мебошад, зеро онҳо ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранду амнияти ғизоии худро таъмин менамоянд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси шаҳри Левакант  иттилоъ доданд.

Офтоб Тураева мегӯяд, ки «мо дар деҳа дар вақти ғунучини меваю сабзавот бо навбат ва дар рӯзҳои мувофиқ ба ҳамдигар кумак менамоем. Миқдори захираҳои зимистонаро барои таъмини амнияти озуқаворӣ  истифода намудаву қисми дигарашро ба ниёзмандон ҳамчун кумак тақдим менамоем».

Профессори кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рустам Бобохонов иброз намуд, ки меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд. Дар таркиби онҳо тамоми унсурҳоеро, ки барои организми инсон зарур ва ҳатмӣ мебошанд, пайдо намудан мумкин аст.

«Дар бештари мевагиҳо хосияти нигоҳдорӣ ва захираи онҳо вуҷуд дорад, аз қабили себ, нок, хурмо, анор ва ангур.   Баъзе аз мевагиҳою сабзавоти полезӣ қобилияти нигоҳдории дуру дароз надоранд ва онҳоро коркард намуда, захира намудан мумкин аст. Зеро давоми зимистон организм ба маҳсулоти витаминдор ниёз дорад, аз ин рӯ чунин маҳсулотро ба таври мураббо, нӯшоба, консерва омода намуда, ё хушконида, барои таъмини амнияти озуқавории худ нигоҳ медорем»,-иброз дошт номбурда.

Мавсуф зикр намуд, ки зимни консерва намудан бонувон бояд диққати асосиро ба тозагӣ ва безаргардонии ашёе, ки дар он маҳсулот захира мешавад, равона намоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури офтоб хушк мекунанд, ки ин амал барои захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар офтоб асту ба қисми дигар нури офтоб намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир расонид, дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Инчунин зарф ва сарпӯши онро дар муддати 10-15 дақиқа дар буғи оби гарм безарар намудан шарт ва зарур аст. Намнокӣ барои нигоҳдории консерва, нӯшоба ва мураббо бояд аз 70 фоиз зиёд набошад, зеро сарпӯши зарф оҳанӣ буда, занг заданаш мумкин аст. Он дар натиҷа ба маҳсулоти дохили зарф зарари худро мерасонад, ки ин гуна консерва барои истеъмол тавсия дода намешавад.

Август 13, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд