Рамазон Раҳимзода: Дар шаш моҳ 274 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дастгир гардиданд

Август 3, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 274 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардиданд. Ин нуктаро имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иброз намуд.

Вазир афзуд, ки аз ин шумора 203 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Бародарони мусулмон», 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ», 17 нафар узви «Салафия», 8 нафар- ҷамоати «Ансоруллоҳ», 4 нафар- «Гурӯҳи 24», 3 нафар- «Ҳизби наҳзати ислом», 3 нафар- «Ал-қоида», 2 нафар- «Ҳизб-ут-таҳрир», 1 нафар- «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва 1 нафар узви «Толибон» буда, дастгир гардиданд.  Ҳамзамон 92 нафар дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хориҷи мамлакат ба Ватан баргардонида шуда, нисбат ба онҳо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки ин ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шуда, ҳамроҳ гардидан ба  онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра ду ҳолати суиқасд ба амали террористӣ, ки яке дар ноҳияи Шаҳринав ва дигаре дар  минтақаи Рашт ба нақша гирифта шуда буд, пешгирӣ гардид.

Ба иттилои мавсуф, ин амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» ба нақша гирифта шуда буданд ва зимни амалишавӣ пешгирӣ гардиданд. «Ҳар дуи ин амалҳо бар зидди кормандони Вазорати корҳои дохилӣ равона шуда буданд»,-иброз намуд Рамазон Раҳимзода.

Август 3, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд