Рамазон Раҳимзода: Мақомоти корҳои дохилӣ ҷавонони Бадахшонро ба кор фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 август зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар масъалаи ба кор ҷалб намудани сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тайёранд, ки ҷавонони вилоятро ба кор фаро гиранд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2018 Вазорати корҳои дохилӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва корҷӯи шаҳри Хоруғро бо ҷойи кори муносиб дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ эълон намуда буд. Дар эълони мазкур гуфта мешуд, ки дар НБО-и «Роғун» 100 нафар ва дар ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳофиз ҷавонон бо доштани ҳатмии билети ҳарбӣ ба кор қабул карда мешаванд. Инчунин дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ барои 100 нафар ва дар шаҳри Исфара ба ҳайси духтур барои 10 нафар, ҳамшираи тиббӣ- 10 нафар, муаллим- 15 нафар, муаллима- 15 нафар ҷойи кор мавҷуд аст. Музди меҳнати кормандон аз 700 то 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Вазир афзуд, ки имрӯз ҳам сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ омода ҳастанд, ки ҷавононро ба кор қабул намоянд. Ҷавонон низ дар навбати аввал бояд худашон хоҳиши кор кардан дошта бошанд.
Таъкид гардид, ки айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, ҷойҳои корӣ дар сохтмону иншоот зиёданд ва хоҳишмандон метавонанд дар онҳо кор кунанд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






