Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба 13 ронандаи мошинҳои гаронарзиш тадбир андешид

Август 14, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти дар аксҳо инъикосгардида барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд. Муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, қувваю воситаҳои шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе барои муайян намудани ҳолатҳои дар расмҳо инъикосгардида равона карда шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳои мазкур муайян карда шуд, ки аксари онҳо соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш буда, нисбат ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хунукназарӣ зоҳир менамудаанд. Зимни пешбурди корҳои санҷишӣ қоидавайронкуниҳои дар аксҳо иъикосгардида ошкор ва муайян карда шуда, ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва нисбат ба онҳо чораҳои таъсиррасони қонунӣ ва корҳои прорфилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуданд.

Ин ронандагон  мошинҳояшонро дар қатори дуюму сеюм беназорат гузоштаанд, ки аз як ҷиҳат сабаби ба вуҷуд омадани танбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт гардида, аз ҷониби дигар сабаби норозигии шаҳрвандон ва муроҷиати онҳо ба мақомоти милитсия гардидааст.

Дар натиҷа нисбат ба ин ронандагон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо   огоҳонида шуданд, ки минбаъд Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Август 14, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд