САЁҲАТ БА МАКОНҲОИ ЗИЁРАТӢ. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавонад ба рушди соҳа ва иқтисоди миллӣ таъсири амиқ гузорад

Август 29, 2020 12:32

ДУШАНБЕ, 29.08.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ таҳти унвони «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ» озмун эълон менамояд. Озмун  аз 20 ноябри соли 2019 оғоз гардида, то 5 сентябри соли 2020 идома меёбад.

Дар зер  мақолаи навбатии публисистиро, ки ба ин озмун аз ҷониби мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф ШОНАСУРДИНОВ ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст, манзури хонандагон мегардонем.

Сайҳӣ имрӯз дар дунё яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, ҷалби бештари сайёҳон, тарғибу ташвиқи маконҳои тамошобобу муқаддас ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ заминаи аслӣ барои ноил шудан ба рушди иқтисодӣ дар ин самт арзёбӣ мегардад. Дар баробари тарғибу ташвиқ ва рушди дигар бахшҳои туризм, пешбурду тараққӣ ва ҷалби сайёҳон ба маконҳои зиёратӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим мебошад, зеро ба ин васила метавон ҳам фарҳангу тамаддуни бостониро бештар тарғиб кард, маконҳои зиёратиро обод намуд, ки дар ин замина рушди деҳот низ таъмин мегардад, ҳам бо ҷалби васеи зиёратгарон ба рушди иқтисод саҳми муносиб гузошт.

Маъруф ШОНАСУРДИНОВ

Кишварҳои мутараққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон, ки дар соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву техникӣ ва ғайра ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанду қисмати асосии буҷаи давлаташонро даромад аз ин соҳаҳо ташкил менамояд, ба соҳаи сайёҳӣ (гардишгарӣ ё туризм) низ таваҷҷуҳи вижа намуда, онро яке аз соҳаҳои сердаромади кишвари хеш гардонидаанд.

Сайёҳӣ ҳамчун соҳаи фаъол дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дошта, аз як тараф, ба манфиатҳои миллӣ ва аз тарафи дигар, худи инсон хидмат менамояд. Инчунин соҳаи сайёҳӣ сабаби беҳ гаштани шуғли аҳолӣ (бо ҷои кори мавсимӣ, муваққатӣ ва доимӣ таъмин шудани аҳолӣ), суръат бахшидан ба афзоиши роҳу пулсозӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ, бозсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, рушди инфрасохтори ғизоӣ, рушду афзоиши теъдоди меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳо ва маҷмааҳои хизматрасонӣ гашта, ба афзоиши савдои дохиливу берунӣ, афзоиши ҳаҷми ММД ва ғайра мусоидат менамояд.

Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС), дар 85 давлати дунё сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳими хоҷагии миллии онҳо ба ҳисоб рафта, дар 15 давлати дигар соҳаи сайёҳӣ бахши асосии иқтисодиёти онҳоро ташкил медиҳад. Барои тасдиқи гуфтаҳоямон метавон аз давлатҳое мисол овард, ки дар қабули сайёҳон пешсаф буда, даромади онҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар соли 2017 бо асъори сомонӣ чунин аст: Франсия 89,9 млн., Испания 82,2 млн., ИМА 72,9 млн., Чин 59,3 млн., Италия 57,8 млн., Туркия 39,9 млн., Мексика 39,3 млн., Британияи Кабир 38,7 млн., Олмон 37,6 млн. ва Тайланд 34,4 млн.

Рушди соҳаи сайёҳӣ ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи начандон зиёде дошта бошад ҳам, дар муддати кўтоҳ тавонист ба яке аз соҳаҳои муҳими сердаромад ва рушддиҳандаи иқтисоди мамлакат табдил ёфта, ба дастовардҳои чашмрасе ноил гардад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, имкону қудрати қабулу пазироии теъдоди зиёди сайёҳони хориҷиро дорад. Аз ин рў, Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намуда, иқдомоти заруриеро дар ин самт ба сомон расонидааст:

  • таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (2019);
  • қабул ва таҳияи санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, монанди ҚҶТ «Дар бораи туризм» (03.09.1999, №824), ҚҶТ «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» (18.07.2017, №1450) ва Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019;
  • эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»;
  • ҷорӣ намудани низоми содакардашудаи раводиди электронӣ барои шаҳрвандони беш аз 80 кишвар, ба онҳо додани раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ва тамдиди муҳлати он то 60 рўз;
  • таъсиси сомонаи ягонаи миллии сайёҳӣ ҷиҳати дастраси пайдо кардан ба захираҳои сайёҳӣ ва қоидаҳои будубоши сайёҳон (www.traveltajikistan.tj);
  • таҳия ва нашри китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» бо фарогирии 115 мақолаи тасвирию тавсифии унсурҳои мероси фарҳанги ғйримоддии халқи тоҷик (бо забонҳои тоҷикиву англисӣ) ва дигар иқдомот.

Табиати зебову худододи Тоҷикистон, таъриху фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷик ва натиҷаи сиёсати пайгиронаву созандаи Роҳбарияти Олии мамлакат аст, ки сол аз сол ташрифи сайёҳон ба мамлакати биҳиштосоямон афзоиш ёфта, мувофиқи маълумоти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар соли 2017 ба кишвар 430922 нафар сайёҳ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба андозаи 24% зиёд мебошад. Ногуфта намонад, ки омори ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат соли 2018 дуюним маротиба афзоиш ёфта, теъдоди мазкур дар соли 2019 ба беш аз 1 млн. нафар расидааст.

Ҳамаи ин дастоварду пешрафти сайёҳии Тоҷикистонро, ки ба таври динамикӣ боло рафта истодааст, дар эътироф гардидани он аз ҷониби кишварҳои мутараққии ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун як кишвари аз ҷиҳати сайёҳӣ рушдкарда ва амн мушоҳида менамоем. Мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои сайёҳон («Wanderlust», 2012), дар байни 10 роҳи зеботарини дунё қарор гирифтани шоҳроҳи Помири Тоҷикистон («National Geographic», 2016), ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эълон шудани шаҳри Душанбе («The Independent», 2015), дуюмин кишвар ҳисобида шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи сайёҳияш дар ҳоли рушд қарор дорад (СММ, 2016) ва ғайра эътироф шудааст.

Сайёҳӣ бо назардошти аз ҷониби кӣ: шаҳрванди кишвар ва ё шаҳванди хориҷӣ анҷом ёфтанаш ба сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ ҷудо мешавад. Сайёҳии дохилӣ мисли сайёҳии хориҷӣ яке аз рукнҳои асосии сиёсати фарҳангӣ буда, пешрафту рушд ва ба таври комил роҳандозӣ гаштани низоми он барои баланд бардоштани ифтихори милливу хештаншиносӣ, донистани таъриху фарҳанг, ваҳдати миллату якпорчагӣ, мустаҳкам намудани равобити сокинони манотиқи мухталифи кишвар ва ғайра мусоидат мекунад. Инчунин бозсозии ёдгорӣ ва маконҳои таърихиву фарҳангӣ, барқарор кардани таъриху сарнавишт ва муаррифиву таблиғи онҳо заминаи хуб барои рушди сайёҳии хориҷӣ фароҳам меорад.

Мувофиқи ҳисоботи мавҷуда, теъдоди сайёҳони дохилӣ соли 2018 зиёда аз 750 ҳазорро ташкил намудааст, ки бешубҳа, теъдоди мазкур соли 2019 ба маротиб боло рафтааст. Ногуфта намонад, ки дар тамоми давлатҳои дунё теъдоди сайёҳони дохилӣ аз сайёҳони хориҷӣ бештар аст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои дахлдор рўйхати даҳ мавзеи мамлакатро барои сайёҳони дохилӣ тартиб додааст, ки аз сербинандатарин мавзеъҳои сайёҳии Ҷумҳуриянд. Мавзеъҳои мазкур таърихиву фарҳангӣ, истироҳатӣ ва варзишӣ, диниву табобатӣ буда, омори сайёҳони дохилие, ки аз онҳо дар соли 2018 дидан кардаанд, чунин аст: Чилучорчашма 150 000 нафар, Қалъаи Хуҷанд 64042 нафар, Қалъаи Ҳисор 40032, Саразм 34800, Қалъаи Ҳулбук 20072 нафар, Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ 29103 нафар, Қалъаи Муғ 16360, Сафеддара 9260 ва осоишгоҳи «Баҳористон» 20853 нафар (АМИТ “Ховар”).

Шумораи мазкур омори саёҳатҳои расмии дохилианд, дар ҳоле ки дар мамлакат саёҳатҳои ғайрирасмӣ, ки бештар ҳамчун зиёрат ва аёдати динӣ унвон мешаванд, ба маротиб бештар аст.

Мувофиқи маълумоти охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ 133 адад (НТҶ 26, Бохтар 8, Кўлоб 16, Суғд 52, ВМКБ 22, Рашт 9 зиёратгоҳ, мазор ва мақбара мавҷуд аст (http://mihdasht.tj/mazor-va-ziyoratgohho-dar-hududi-jumhury-2/).

Бештари зиёратгоҳҳо дар маконҳои зебо ва хушбоду ҳаво ҷойгир буда, дорои чашма ва растаниҳои фаровони хусусияти табобатидошта мебошанд. Мақбараҳо ва сохти меъмории зиёратгоҳҳо низ диққатҷалбкунанда буда, таърихи бисёр ҷолиб низ доранд. Сафар кардан ба баъзе аз чунин маконҳои зиёратӣ ҷолибу риққатангез буда, ба сайёҳ ё зоир таассуроти хотирмоне мегузорад.

Дар мавриди тамоми маконҳои зиёратӣ дар як мақола маълумот додан аз имкон берун аст. Аз ин рў, дар мавриди 4 макони зиёратӣ ба таври фишурда ва мухтасар маълумот дода, нақши муҳим доштани онҳоро дар сайёҳати дохилӣ ва ҳатто хориҷӣ баён хоҳем дошт:

Ҳазрати Бурхи Валӣ. Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки ба он номҳои Сармаст ва Абдол низ ҳамроҳ карда мешаванд, ҳамасри пайғамбар Мўсо (а) ба ҳисоб рафта, мазори он дар ноҳияи Рашт воқеъ аст. Зиёрати макони мазкур барои мардуми тоҷик баъди зиёрати Хонаи Худо меистад. Яъне, бештарини мардуми тоҷик қабл аз зиёрати ҳаҷ мазори Бурхи Валиро зиёрат мекунанд.

ДАР АКС: Мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ Одар ноҳияи Рашт

Мазори Бурхи Валӣ дар макони дурдасти дастнорас воқеъ буда, шигифтиҳои хоси худро дорад. Яке аз шигифтиҳои он дар чунин ҷойи дурдаст сохта шудани мақбараи Бурхи Валист. Яъне, ба чунин макони дурдаст ва мушкилгузар, ки як нафар дар танҳоӣ бо мушкилот дарёро убур намуда, ба он мерасад, чӣ тавр он қадар хишту масолеҳро бурда, дар теғаи баланди кўҳ ва соҳили дарёи пуртуғёни Хингоб мақбара сохтаанд. Албатта, дар мавриди сохтани мақбара ривояте вуҷуд дорад, ки гўё Бурхи Валӣ баъди 300 сол дар хоби чўпоне даромада, ба ў амр кардааст, ки мазори ўро созад, масолеҳу таом бошад, барояш муҳайё мегардад. Ҳамин тавр, дар 25-километрии мазор аз зери замин хишти пухта баромадааст ва мардум дасти ба даст хиштҳоро дода, мақбараи Бурхи Валиро сохтаанд.

Шигифтии дигар, ки дар мазори мазкур мавҷуд аст, «чашмаи хунин» мебошад. Обу гили чашма мисли хун сурх буда, ҳатто бўи хун медиҳад. Обу гили ин чашма барои бисёре аз бемориҳои пўст фоидабахш ба ҳисоб меравад.

Инчунин зиёраткунанда аз тамошои табиати зебо, боду ҳавои хуш, урфу одат ва меҳмоннавозии мардуми маҳал низ баҳравар ва мутаассир мегардад. Дар ин маврид сайёҳони зиёди хориҷӣ баъди боздид аз ин макон таассуроти хешро навиштаанд.

Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ. Мазори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар деҳаи Махшевати ноҳияи Айнӣ дар даромадгоҳи ғоре воқеъ аст. Шигифтии ин мазор дар он аст, ки ҷасад на дар зери замин (дохили қабр), балки берун аз он аст. Ҷасад дар ҳолати нишаст наздик ба девори ғор қарор дошта, рўяшро ба тарафи қибла гардонидааст. Дар мавриди ғори мазкур ва мазори Ҳоҷа Исҳоқи Валӣ қиссаҳои зиёди каромотӣ гуфта мешавад. Шахсияти ҷасадро баъзеҳо араб, баъзеи дигар аз сокинони маҳал ва баъзеи дигар қабл аз ислом донистаанд. Ҳатто баъзе аз муҳаққиқон, монанди Аҳрор Мухторов бар он назаранд, ки ҷасади мазкур мутааллиқ ба Спитамени Ҳисорист.

ДАР АКС: Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар ноҳияи Айнӣ

Назарияе низ ҳаст, ки мувофиқи он дар даруни ғор боз тақрибан 300 ҷасади дигар мавҷуд аст, ки гўё аз наздикону пайвандони Хоҷа Исҳоқи Валианд. Мутаассифона, ғор то охир таҳқиқ нагаштааст. Воқеан, агар ғори мазкур ва шахсияти Хоҷа Исҳоқи Валӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор ба таври зарурӣ таҳқиқ гардида, мазор барои истифодаи зоирин мувофиқ гардонида мешуд ва назарияи 300 ҷасади дигар исботи худро меёфт, ин дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ такони ҷиддӣ мебахшид.

Расидан ба ғор ва зиёрати Хоҷа Исҳоқи Валӣ аз зоирин машаққати зиёд талаб мекунад. Зеро то расидан ба мазори мазкур ҳудудан 5 километр роҳро бояд пиёда тай намуда, пайраҳаҳои хатарнокро убур намуд ва ба кўҳ боло баромад, ки ин на ба ҳама зоирин муяссар мегардад.

Асрори ғори мазкур сайёҳону муҳаққиқони хориҷиро низ ба худ ҷалб кардааст. Дар фасли тобистон теъдоди рўзмарраи зоирон ба беш аз 100 нафар мерасад.

Масҷиди Сангин. Масҷиди Сангин яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихӣ-меъморӣ буда, шигифтиҳои хоси худро дорад. Дар мавриди сохта шудани масҷиди мазкур ривоятҳои зиёде нақл шудааст. Мувофиқи яке аз ривоятҳо масҷид, аслан, дар ҷойи дайри муғон – оташкадаи зардуштиён бунёд шудааст. Вақте сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим шаҳри Шумон (Ҳисор)-ро забт мекунад, оташкадаро хароб намекунад, балки ба он меҳробе месозад ва онро ба масҷид табдил медиҳад. Мувофиқи ривояти дигаре дар ибтидои зуҳури ислом масҷиди мазкур дар як шаб аз ҷониби малоикаҳо ва ё париҳо сохта шудааст.

Масҷид бо як усули меъмории нодир сохта шудааст. Масалан, нима аз бинои масҷид бо сангҳои буридашудаи сурх ва қисмати болоии он бо хиштҳои мураббаъшакл сохта шудааст. Инчунин дар сатҳи зери гунбаз дар шакли кўзаи бетаг хиштҳо бо услуби резонатор чида шудаанд, ки барои баланд кардани овози воизон хизмат мекунад. Дар фарши бинои масҷид ва айвони он хиштҳои мураббаъшакл ба кор рафтаанд.

Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ. Мувофиқи ривоятҳо, Увайси Қаранӣ саҳоба – дўсту ҳамнишини Пайғомбари ислом (с) буда, барои эҳтироми ба модараш доштааш ва амалҳои нек ба мартабаи бузургӣ расидааст.

Ҳарчанд дар байни таърихнигорон дар мавриди дар куҷо хок шудани Увайси Қаранӣ назарҳои зиёде гуфта шуда бошанд ҳам, сайёҳону зоирони зиёде аз дохилу хориҷи мамлакат ҳамасола аз мазори мазкур дидан мекунанд.

ДАР АКС: Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг

Баррасии зиёрати ҷойҳои муқаддас ҳамчун бахше аз саёҳати дохилӣ нишон медиҳад, ки ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи вижа ниёз дошта, рушду пешрафти он барои сайёҳии хориҷӣ замина фароҳам меорад. Аз ин рў, Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро барои зиёрат намудани ин ҷойҳои муқаддаси таърихӣ муҳайё созанд.

P/S. Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон аз дохил ва хориҷи кишвар метавонанд иштирок намоянд. Очеркҳо ва мақолаҳо бояд ба забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ ё забони англисӣ навишта шуда бошанд. Маълумоти бештар инҷо: http://khovar.tj/2019/11/ob-garavi-rushdi-de-ot-va-sajyyvayvayfvamyvmao-amit-hovar-va-kumitai-rushdi-sajyo-ta-ti-in-unvon-baroi-e-odi-be-tarin-ocherk-o-va-ma-ola-oi-publisist-ozmun-elon-menamoyand/

Август 29, 2020 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон