Сироҷиддин Муҳриддин ва Андрей Руденко масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденкоро, ки дар Душанбе бо ҳайати ҳукуматии Россия қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду давлат дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.
Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия, бахусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.
Дар зимн мубодилаи афкор атрофи ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА сурат гирифт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






