ПРАНКЕРОН* ДАР ДУШАНБЕ! Бо дархости корбарони интернетӣ Шаҳриёр Давлатов бо ҳамаслаконаш боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар шабакаи шахсии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов дар «Ютуб» навор ё ба истилоҳ «пранк»-е нашр гардид, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд. Навори мазкур мавриди вокуниши манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбат ба чунин блогерон чора дида шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёр Давлатов (Шаҳриёри Давлат) гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст. Дар навори мазкур дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои мошини ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад, бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад, дар шабакаи худ нашр намудааст.
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба ҳолати мазкур чорабиниҳои дахлдори фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, ҳамаи он нафароне, ки дар омода ва паҳн намудани навори мазкур даст доранд, муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла:
Давлатов Шаҳриёр Нусратович соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти Киров-1, деҳаи Қӯштеппа, Мирзоев Дилшод Нодирович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Гулисой ва Солеҳзода Фарҳод Файзулло, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Ҳасан-Ҳусейн, деҳаи Тилло Солеҳ дастгир ва нисбат ба онҳо тадбир андешида шуд.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯзӣ таъйин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки чанде пеш дар ИМА ду бародар – Алан ва Алекс дар дасташон борхалта, ба саршон ниқоб кашида, дар кӯча бо ҳаяҷони дурӯғ ба роҳгузарон мегуфтанд, ки онҳо ҳамин ҳоло пулҳои банкеро дуздидаанд ва мехоҳанд фирор кунанд ва хоҳиш кардаанд одамон дар ин кор ба ҳарду кӯмак намоянд. Дере нагузашта политсия расида меояд ва ҳардуро дастгир менамояд. Ҳоло ҳарду бародар дар маҳбас ба сар мебаранд. “Ин шӯхӣ не, ин авбошӣ ва ҷиноят аст, ки дар натиҷаи он касе ё чанд нафар метавонист ҷароҳат бардорад ва ҳатто қурбон шавад”, — навиштанд рӯзномаҳои амрикоӣ.
_______________________________________
*Пранкерон (аз калимаи англисии «prank» ба маънии шӯхӣ, фиреб) — авбошони телефонӣ, ки бе зикри ном ва нишон додани рақами худ ба одамон зангҳои маҳфуз (анонимӣ) зада, бо шӯхиҳои ноҷо ва дурӯғу каззоб фитна меангезанд. Имрӯзҳо дар саросари дунё пранкерон “шӯхиҳо”-и худ ва натиҷаи онҳоро дар интернет ба намоиш мегузоранд.









Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






