ТӮЙИ ДОМОДИВУ АРӮСӢ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ. Барномаи «Бозтоб»-и Радиои «Ховар» ин масъаларо баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус қарор кард, ки минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда шаванд. Тибқи тартиби нав, шумораи иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии бемории мазкур дар ин самт чӣ тадбирҳо роҳандозӣ намудааст? Дар вазъияти феълӣ дар Тоҷикистон тӯйҳои домодиву арусӣ чӣ гуна бояд барпо гарданд? Имрӯзҳо мардум тӯйю маъракаҳои домодиву арӯсии худро чӣ гуна мегузаронанд? Чаро шаҳрвандон вақтҳои охир нисбат ба ин беморӣ ва тавсияҳои вазорату идораҳои дахлдор беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Ба ин саволҳо намояндагони ниҳодҳои марбута, ҷомеашиносон ва шаҳрвандон дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» посух медиҳанд.
Ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи зикршуда дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» 05.08.2020, соати 09:30 (асл), 17:30 ва 21:30 (такроран) аз радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави НАВРӮЗ мавриди баррасиву таҳлили ниҳодҳои дахлдор ва коршиносони соҳа қарор мегирад.
«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!
Акс аз манбаъҳои дастрас