ТӮЙИ ДОМОДИВУ АРӮСӢ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ. Барномаи «Бозтоб»-и Радиои «Ховар» ин масъаларо баррасӣ мекунад

Август 4, 2020 15:26

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус  қарор кард, ки минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда шаванд. Тибқи тартиби нав, шумораи иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад.

 Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии бемории мазкур дар ин самт чӣ тадбирҳо роҳандозӣ намудааст? Дар вазъияти феълӣ дар Тоҷикистон тӯйҳои домодиву арусӣ чӣ гуна бояд барпо гарданд? Имрӯзҳо мардум тӯйю маъракаҳои домодиву арӯсии худро чӣ гуна мегузаронанд? Чаро шаҳрвандон вақтҳои охир нисбат ба ин беморӣ ва тавсияҳои вазорату идораҳои дахлдор беэътиноӣ зоҳир мекунанд?

Ба ин саволҳо  намояндагони ниҳодҳои марбута, ҷомеашиносон ва шаҳрвандон дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» посух медиҳанд.

Ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи зикршуда  дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» 05.08.2020, соати 09:30 (асл),  17:30 ва 21:30 (такроран) аз радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави НАВРӮЗ мавриди баррасиву таҳлили ниҳодҳои дахлдор ва коршиносони соҳа қарор мегирад.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

Акс аз манбаъҳои дастрас

Август 4, 2020 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад