Тоҷикистон ва Нидерланд дурнамои робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо муовини Вазири тиҷорати хориҷӣ ва ҳамкории Подшоҳии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейден гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Нидерланд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак дар сатҳҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин робита, аҳамияти баргузории вохӯриҳои дуҷониба ва бизнес-форум бо иштироки намояндагони корхонаҳои пешрафтаи кишоварзӣ ва доираҳои тиҷоратии ду давлат пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳонӣ вобаста ба ҳамагирӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон миёни ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои равобити ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин Иттиҳоди Аврупо ва СММ табодули афкор сурат гирифта, зарурати тавсеаи бештари муносибатҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид шуд.
Дар ин росто, мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории мутақобила дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028” изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати ташкили муваффақонаи Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк ба нақша гирифта шудааст, баён карданд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






