ВАРЗИШ САЛОМАТИИ АҲОЛИРО МУСТАҲКАМ ВА МИЛЛАТРО ДАР АРСАИ ҶАҲОН МУАРРИФӢ МЕСОЗАД. 10 август — Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш мебошад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир БОЗОРОВ ҳамсуҳбат гардид.
«Таҷлили Рӯзи варзишгарон дорои таърихи ба худ хос буда, он имкон медиҳад, ки бори дигар ба соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳ равона карда шавад. Агар ҳарчи қадар ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварда шавад, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистиву ифротгаро наҷот дода мешавад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми тадбирҳоро баҳри рушд додани соҳаи варзиш меандешанд, то ин ки варзишгарони Тоҷикистон дар баробари мустаҳкам намудани саломатии худ дар арсаи байналмилалӣ мамлакати хешро муаррифӣ намуда, парчами ҷумҳуриро партавафшон намоянд. Он толорҳои барҳавое, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҳамасола ба истифода дода мешаванд, далели ин гуфтаҳо мебошанд»,- гуфт Носир Бозоров.
Ба андешаи номбурда, варзиш мактаби обутоби бадан ва мардонагӣ мебошад. Инчунин он омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат варзишро аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон номидаанд. Зеро варзиш дар ҳаёти ҳар инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, пайваста байни мардум, хусусан миёни наврасону ҷавонон ташвиқ мешавад.
«Ғамхориҳои Пешвои миллат дар ҳаққи варзишгарон сабаби устувор гардидани пойгоҳи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид. Расман ифтитоҳ гардидани Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе туҳфаи беназир барои варзишгарон ва мо, масъулини соҳа маҳсуб мешавад, зеро чунин шароит барои омода намудани варзишгарони касбӣ ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ҳар боре ки Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо варзишгарон сухан мекунанд, доимо зикр менамоянд, ки «шумо дар майдони ҳарбу зарб барои муаррифӣ кардани давлату миллат мубориза мебаред, ҳеҷ гоҳ шумо худро танҳо фикр накунед ва эҳсос намоед, ки ман ва 9 миллион аҳолии Тоҷикистон дар бари шумо қарор дорем». Вақте ки ин суханҳо аз забони Пешвои миллат садо медиҳанд, мо, варзишгаронро водор месозанд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳон ҳарчи беҳтару бештар қувваозмоӣ намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намоем»,- изҳор медорад сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат.
Ба зикри масъулини соҳаи варзиш, имрӯз дар ҷумҳурӣ намудҳои футбол, бокс ва гӯштин хеле рушд карда, аз рӯи ин намудҳо варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, парчамбардори ватану миллат гардидаанд.
Ба иловаи Носир Бозоров, роҳи пешгирии ҳама гуна бемориҳо варзиш буда, то имрӯз, хушбахтона, ягон нафар варзишгари тоҷик гирифтори COVID-19 нагардидааст, ки ин аз пайваста ба варзишу обутоби бадан машғул будани онҳо дарак медиҳад.
Ҳоло бо мақсади чалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 128 мактаби варзишӣ амал менамоянд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»













Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд






