Вазорати мудофиа дар Бадахшон маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 августи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби қӯшунҳои гарнизони Хоруғ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо тирпарронии ҷангӣ баргузор мегардад. Марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегии қӯшунҳои гарнизони Хоруғ 5 август бо ташкили паради ҳарбӣ ва гузашти низомии ҷузъу томҳои сохтору мақомоти давлативу қудратии ВМКБ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Чорабинии низомӣ аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ташкилу ба роҳ монда шуда, ҷараёни баргузории тамоми марҳилаҳои нақшавии он аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо назорат ва баҳогузорӣ карда мешавад.
Дар чорабинӣ 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудративу мақомоти давлатии ин гарнизон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ин минтақа ҷалб карда шуда, он дар се марҳила, дар машқгоҳҳо ва минтақаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷараён мегирад.
Тибқи нақша ба машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии қӯшунҳои гарнизони Хоруғ дар баробари ҷалби ҷузъу томҳои пиёданизом ва таъиноташ махсуси сохторҳои қудратӣ, инчунин ба он авиатсияи ҷангӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи сабуки оташфишон, 300 адад техникаҳои зиреҳпуши ҳарбӣ, артилерияҳои навъашон гуногун, автомашинаҳои махсуси низомӣ ва боркашу нақлиётӣ истифода мешаванд.
Ҳамчунин дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ Ситоди муштараки идории қушунҳо ташкил карда мешавад, ки захираи эҳтиётии даъватшавандагон, техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низоми заруранд ва мувофиқ ба эҳтимолияти замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи баргузории ин чорабинии низомӣ дар гарнизони Хоруғ ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ, сафарбарии қӯшунҳо ва доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирад.










Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






