Вилояти Суғд омодаи ҳамкорӣ бо сармоягузорони украинӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат аст

Август 19, 2020 08:28

ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк иброз гардид, ки Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, сармоягузорони украинӣ метавонанд дар соҳаҳои кишоварзиву саноат ва дорусозӣ бо вилоят ҳамкории самаранок ба роҳ монанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Украина оид ба густариши ҳамкорӣ ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зикр шуд, ки барои коркард ва банду басти меваву сабзавот, асал, пахта ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти истеҳсоли либос ва доруворӣ заминаҳои мусоид фароҳам буда, ҷонибҳо метавонанд бо амалисозии лоиҳаҳои муштарак ба равобити дуҷониба густариш бахшанд.

Василий Серватюк бо изҳори ташаккур аз истиқболи гарму самимӣ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ баён дошт. Гуфта шуд, ки маҳсулоти кишоварзии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бо ба роҳ мондани коркарди навъҳои гуногуни он метавон онро содирот кард.

Ҷонибҳо ҳамзамон дурнамои ҳамкориро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои беҳтар намудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ баён доштанд.

Август 19, 2020 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд