ВКД ТОҶИКИСТОН: Бо вуҷуди кам гардидани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ин масъала ташвишовар боқӣ мемонад

Август 3, 2020 13:42

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди коҳиш ёфтани  шумораи садамаҳои нақлиётӣ  дар  шаш моҳи аввали соли равон ин масъала ҳанӯз ҳам  нигаронкунанда боқӣ мемонад.  Дар шашмоҳаи якуми  соли 2020 бар асари 440 садамаи нақлиётӣ 151 нафар одамон ба ҳалокат расида, 516 каси дигар  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар муқоиса  ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи садамаҳо 80 адад ё 15,4 фоиз, ҳалокшудагон- 23 нафар ё 13,2 фоиз ва маҷрӯҳшудагон 49 нафар ё 8,7 фоиз кам шудааст. 

Дар ин бора имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  иттилоъ дод.

Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки  дар шаш моҳи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 12293 (2019-12549) ҷиноят ба қайд  гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҷиноят ё ин ки 2 фоиз кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он – 35 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 56, таҷовуз ба номус — 16, роҳзанӣ — 17,  савдои одамон — 10, ғоратгарӣ — 68, авбошӣ — 556, қаллобӣ — 1452, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 23, дуздӣ — 3415, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор — 357, ҷиноят бо истифодаи силоҳ — 22 ва дигар ҷиноятҳо 6266 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб гирифташуда 8710 (2019-8775)  ҳолати он  аз тарафи  мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар шаш моҳи соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҷиноятҳои аз ҳама зиёд содиршуда — ин дуздӣ  ( 3415),  қаллобӣ  (1452) ва авбошӣ  (556) мебошанд.

Август 3, 2020 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд