ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. 84 сол пеш дар ҳамин рӯз, 1 август, дар Хоруғ театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ ифтитоҳ ёфта буд…
ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 84 сол қабл дар ҳамин рӯз, 1 август, дар шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии ВМКБ театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ бо ба намоиш гузоштани спектакли «Дохунда» аз рӯи асари устод Садриддин Айнӣ ифтитоҳ ёфт, менависад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар солҳои гуногун дар ин театр ҳунармандони маъруфи мамлакат, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева, Бахтулҷамол Карамхудоев, Гурминҷ Завқибеков, Майсара Дилдорова, Улфатмо Мамаданбарова, Киматшо Иматшоев, Сафарбегим Тошхуджаева ва дигарон фаъолият намудаанд.
Пас аз соли 1992 театри мазкур номи расмии Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров касб намуд. Соли 2012, театр пас аз панҷ соли навсозӣ дари худро барои тамошобин боз кард.
Ин театр мунтазам дар фестивал-озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон “Парасту” ва Фестивали байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато ва Қазоқистон иштирок намуда, борҳо ба мукофотҳои ин фестивалҳо сарфароз гардидааст. Соли 2012 спектакли «Ишқи парӣ», ки ба қалами нависанда ва драматург Тоҳири Маҳмадризо тааллуқ дорад (коргардон Умед Хусравов) дар номинатсияи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ барои намоишнома» дар ин фестивал-озмун сазовори ҷоиза гардид. Дар омади гап, моҳи марти соли равон Умед Хусравов спектакли нави «Бародар» (“Врод”)-ро аз рӯи пьесаи нависанда ва драматург, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш ба намоиш гузошта буд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ба наздикӣ бинои нави театр мавриди истифода қарор дода мешавад. Соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ, дар маросими ифтитоҳи бинои таъмиршудаи театри вилоятӣ ширкат варзиданд. Бо ин мақсад зиёда аз 4,5 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ сарф шудааст.
Аммо, тавре зимни мулоқоти Сарвари давлат бо ҳайати эҷодии театр ва ходимони фарҳангии вилоят маълум гардид, ин бино, ки дар миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст, барои Хонаи фарҳанг пешбинӣ шуда буд ва ба талаботи фаъолияти театрӣ ҷавобгӯ нест.
Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дастур доданд, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро ҷиҳати сохтмони бинои нави театри вилоятӣ омода намоянд ва дар назди мақомоти маҳаллӣ вазифа гузоштанд, ки барои сохтмон қитъаи замин ҷудо намоянд.
Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии худ ба ВМКБ ба сохтмони бинои нави театр дар Хоруғ оғоз бахшиданд.
Бинои нави театр, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат аст, барои 500 ҷой пешбинӣ шудааст. Сохтмони иншоотро ширкати “Бунёд” анҷом медиҳад.








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






