ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. 84 сол пеш дар ҳамин рӯз, 1 август, дар Хоруғ театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ ифтитоҳ ёфта буд…

Август 1, 2020 13:43

ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 84 сол қабл дар ҳамин рӯз, 1 август, дар шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии ВМКБ театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ бо ба намоиш гузоштани спектакли  «Дохунда» аз рӯи асари устод  Садриддин Айнӣ ифтитоҳ ёфт, менависад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар солҳои гуногун дар ин театр ҳунармандони маъруфи мамлакат, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев,  Ҳунарпешаҳои  халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева, Бахтулҷамол Карамхудоев, Гурминҷ Завқибеков, Майсара Дилдорова, Улфатмо Мамаданбарова, Киматшо Иматшоев, Сафарбегим Тошхуджаева ва дигарон  фаъолият намудаанд.

Пас аз соли 1992 театри мазкур номи расмии Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров касб намуд. Соли 2012, театр пас аз панҷ соли навсозӣ дари худро барои тамошобин боз кард.

Ин театр мунтазам дар фестивал-озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон “Парасту” ва Фестивали байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато ва Қазоқистон иштирок намуда, борҳо ба мукофотҳои ин фестивалҳо сарфароз гардидааст. Соли 2012 спектакли «Ишқи парӣ», ки ба қалами нависанда ва драматург Тоҳири Маҳмадризо тааллуқ дорад (коргардон Умед Хусравов) дар номинатсияи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ барои намоишнома» дар  ин фестивал-озмун  сазовори ҷоиза гардид. Дар омади гап, моҳи марти соли равон Умед Хусравов  спектакли  нави «Бародар» (“Врод”)-ро аз рӯи пьесаи нависанда ва драматург, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш ба намоиш гузошта буд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ба наздикӣ бинои нави театр мавриди истифода қарор дода мешавад. Соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ, дар маросими ифтитоҳи бинои таъмиршудаи театри вилоятӣ ширкат варзиданд. Бо ин мақсад зиёда аз 4,5 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ сарф шудааст.

Аммо, тавре зимни мулоқоти Сарвари давлат бо ҳайати эҷодии театр ва ходимони фарҳангии вилоят маълум гардид, ин бино, ки дар миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст, барои Хонаи фарҳанг пешбинӣ шуда буд ва ба талаботи фаъолияти театрӣ ҷавобгӯ нест.

Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дастур доданд, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро ҷиҳати сохтмони бинои нави  театри вилоятӣ омода намоянд ва дар назди мақомоти маҳаллӣ вазифа гузоштанд, ки барои сохтмон  қитъаи замин ҷудо намоянд.

Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2015  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии худ ба ВМКБ ба сохтмони бинои нави театр дар Хоруғ оғоз бахшиданд.

Бинои нави театр, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат аст, барои 500 ҷой пешбинӣ шудааст. Сохтмони иншоотро ширкати “Бунёд” анҷом медиҳад.

Август 1, 2020 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид