Замони баргузории бозиҳои даври 6-уми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон муайян гардид

Август 18, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ  бозиҳои  даври шашуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои  «Самандар»-и шаҳри  Турсунзода бо  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  бо   «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  ва  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб баргузор мешаванд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Чанд рӯз  қабл бозиҳои  даври панҷуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои пешсафи мусобиқа — «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд ва «Соро компания»-и  шаҳри  Душанбе  бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом  ёфта буданд.

Дар бозии дигари даври панҷум дастаи футзали  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 6:4 ғолиб омад. Дар ҳайати меҳмонон Самандар Ризомов се гол, Хуршеди Зайниддин ду гол ба нишон расониданд.

Дар бозии дигар дастаи футзали  «Самандар»-и шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ  дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 9:8 мағлуб кард. Дар дастаи ғолиб се голро Низом Махмаев ба ҳадаф расонид. Зимнан, ин аввалин пирӯзии дастаи  «Самандар» ба шумор меравад.

Аз рӯи натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ва «Сипар»-и шаҳри Душанбе бо 13-имтиёзӣ пешсафанд. Бо ҳамин нимаи аввали мусобиқаи мазкур ба поён расид. Нимаи дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 19  август  шурӯъ мешавад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 5-ум

«Сипар» – «Соро компания» – 1:1

Голҳо: Вахтанг Кекелия, 17 (0:1). Дилшод Саломов, 20 – дабл-пеналтӣ (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Собирҷон Гулаков («Сипар»).

«Равшан» – «Муҳоҷир» – 4:6

Голҳо: Рустам Зауров, 3 (1:0). Муҳаммад Тошев, 3 (2:0). Иброҳим Мирзоев, 18 (3:0). Ҳасан Муродов, 23 (4:0). Самандар Ризомов, 28 (4:1). Бахтиёр Солиев, 30 (4:2). Самандар Ризомов, 32 (4:3). Самандар Ризомов, 35 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 38 – дабл-пеналтӣ (4:5). Хуршеди Зайниддин, 39 – дабл-пеналтӣ (4:6).

Беҳтарин бозингари дидор: Самандар Ризомов («Муҳоҷир»).

«Истаравшан» – «Самандар» – 8:9

Голҳо: Фаридун Расулов (4), Шаҳбоз Бобоҷонов (3), Раҳмон Ҷӯраев – Низом Махмаев (3), Ориф Меликов (2), Акбар Маманазаров (2), Маъмур Буриев, Фирдавс Тусматов.

Беҳтарин бозингари дидор: Фирдавс Тусматов («Самандар»).

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 4-ум

«Самандар» – «Сипар» – 5:13

Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 4 (0:1). Шавкат Ҳалимов, 5 (0:2). Баҳодур Хоҷаев, 7 (0:3). Абдусамад Раҳмонов, 10 (0:4). Собирҷон Гулаков, 10 (0:5). Собирҷон Гулаков, 14 (0:6). Абдусамад Раҳмонов, 17 (0:7). Акбар Маманазаров, 20 (1:7). Собирҷон Гулаков, 22 (1:8). Фирдавс Тусматов, 25 (2:8). Низом Маҳмаев, 27 – ба дарвозаи худ (2:9). Валиҷон Валиев, 31 (2:10). Иқбол Воситзода, 32 (2:11). Собирҷон Гулаков, 33 (2:12). Акбар Маманазаров, 35 (3:12). Собирҷон Гулаков, 36 (3:13). Ориф Меликов, 37 (4:13). Низом Маҳмаев, 39 (5:13).

«Муҳоҷир» – «Истаравшан» – 6:3

Голҳо: Самандар Ризомов, 11 (1:0). Ҳусейн Расулов, 17 (1:1). Самандар Ризомов, 20 (2:1). Ҳусейн Расулов, 22 (2:2). Раҳмон Ҷӯраев, 23 (2:3). Парвиз Худододов, 29 (3:3). Нусратшо Исмоилов, 36 (4:3). Бахтиёр Солиев, 38 (5:3). Хусрав Қаюмов, 39 (6:3).

«Соро компания» – «Равшан» – 12:0

Голҳо: Муҳаммад Шарипов, 4 (1:0). Муҳаммад Раҷабов, 8 (2:0). Идрис Ёров, 9 (3:0). Умед Қузиев, 11 (4:0). Умед Қузиев, 13 (5:0). Умед Қузиев, 22 (6:0). Идрис Ёров, 24 (7:0). Умед Қузиев, 34 (8:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (9:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (10:0). Насим Шарипов, 39 (11:0). Насим Шарипов, 40 (12:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 5 4 1 0 40-6 13
2 «Сипар» (Хуҷанд) 5 4 1 0 34-15 13
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 5 3 0 2 22-23 9
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 1 0 4 27-34 3
5 «Равшан» (Кӯлоб) 5 1 0 4 23-43 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 5 1 0 4 26-51 3

 

Нишонзанҳо: Собирҷон Гулаков («Сипар») – 11 тӯб, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 8 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар»), Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 7-тӯбӣ, Фаридун Расулов, Шаҳбоз Бобоҷонов (ҳарду аз «Истаравшан»), Низом Махмаев («Самандар») – 6-тӯбӣ.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 6-ум

19-уми август (чоршанбе)

16:00 – «Самандар» – «Истаравшан»

16:00 – «Соро компания» – «Сипар»

18:00 – «Муҳоҷир» – «Равшан»

Август 18, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусобиқаи футболи хурд идома дорад
Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё иштирок доранд
Рӯйхати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин муайян карда шуд
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад
Дар Душанбе бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад
Маротибаи аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи Grand Slam соҳиби 11 медал ва ҷойи якум гардид
Моҳи май дар Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол доир карда мешавад
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 5 медал ба даст оварданд