Зинатуллоҳ Исмоилзода, директори Академияи ВАО: Бо қабули Барномаи нави рушди телевизион ва радио марҳилаи нави равнақи соҳа оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 16.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид.
«Барномаи мазкур самтҳои асосиву афзалиятноки амалишавии сиёсати давлатиро дар соҳаи телевизион ва радио муайяну мушаххас намудааст. Афзалияти асосӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва муҳтавои маводи аудиовизуалӣ дода шуда, татбиқи технологияи муосир барои рушди соҳа шароит фароҳам меорад»,-мегӯяд директори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА.
Мавсуф дар идома чунин афзуд:
-Дар шароити ҷаҳонишавӣ, раванди босуръати таҳдидҳои иттилоотӣ ва роҳ ёфтани технологияҳои навини иртиботӣ ба зиндагии мардум нақши воситаҳои ахбори омма беш аз пеш дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон эҳсос мегардад. Айни замон қудрати онҳо аз зӯри силоҳ ҳам болотар меистад. Аз ин хотир, имрӯз кишварҳои абарқудрат бо истифода аз воситаҳои гуногуни ахбору иттилоърасонӣ таъсири худро тақвият мебахшанд. Дар чунин шароит воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон низ талош доранд нақши шоиста дошта бошанд.
Имрӯз маводе пазируфта мешавад, ки дар сатҳи хеле баланди касбӣ таҳия шуда, фарогири ниёзҳои аҳли ҷомеа бошад. Ин аст, ки кормандони соҳа саъю талошҳои худро ба он равона карда истодаанд, ки пеш аз ҳама, муҳтавои маводи онҳо ҷавобгӯй ба талабот ва меъёрҳои касбии соҳа бошад. Новобаста аз мушкилоти иқтисодиву фаннӣ инъикоси масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муассир аст. Муҳимтариин масъалаҳои рӯз тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронӣ табъу нашр мегарданд ва набзи имрӯзаи ҳаёт дар нигоштаҳои журналистон эҳсос мешавад.
Дар мулоқоте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 феврали соли 2019 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доштанд, таъкид гардид, ки «воситаҳои ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бошанд». Дар баробари баррасии ҳамаҷонибаи фаъолияти кормандони соҳа Пешвои миллат дастур доданд, ки барномаи давлатии рушди телевизион ва радио таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад.
Барои амалӣ гардидани ин дастур дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони шабакаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии телевизиониву радиоӣ, созмонҳои журналистӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва он лоиҳаи Барномаро ба Кумита ироа дошт. Баъд аз марҳилаи мувофиқат бо вазорату идораҳои дахлдор дар ҷаласаи охири ҳукумат «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ ва қабул гардид.
Воқеан, ин сеюмин барномаи давлатӣ дар бахши таъмини рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ин баёнгари он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба пешрафти воситаҳои ахбори омма дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори электронӣ уфуқҳои дурахшонеро барои рушди минбаъдаи онҳо боз месозад.
Мусаллам аст, ки телевизион ва радио дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд рақобатпазирии худро таъмин карда тавонанд. Ин кор бо мавҷудияти низоми самараноки идоракунӣ, мутахассисони соҳибкасб ва таҷҳизоти технологии замони муосир амалишаванда аст. Бешубҳа, амалишавии барномаи мазкур низоми муосири идоракунии соҳаро такмил дода, муҳтавои барномаҳои телевизион ва радиоро ба талаботи рӯзафзуни бозори воситаҳои ахбори омма мутобиқ месозад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат дар замони истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми пурраи соҳаи телевизион ва радио ба вуҷуд омад. Соли аввали истиқлолият мо ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ бо 8 соати пахш, як радио ва як агентии иттилоотӣ доштем. Имрӯз шаш шабакаи умумимиллии телевизионӣ, чор шабакаи ҷумҳуриявии радиоӣ, панҷ шабакаи вилоятиву минтақавии телевизионӣ, ки барномаҳояшон тавассути моҳвора пахш мешаванд ва 35 ташкилоти ғайридавлатии телевизионӣ ва радиоӣ фаъолияти пурсамар дошта, барои таъмини иттилоот ба мардум хизмат мекунанд. Ҳар кадоме аз ин шабакаҳои телевизиониву радиоӣ вобаста ба формати худ барномаҳо омода намуда, аудиторияи муайян дорад. Ҳамзамон вобаста ба он ки рақобат дар бозори соҳа хеле пуршиддат асту талабот ба барномаҳои рақобатпазир бештар, кормандони соҳа бобати таҳияи барномаҳои пурмуҳтаво талош доранд.
Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 7 боб ва 23 зербанд иборат буда, дар он таваҷҷуҳи хосса ба такмили ихтисоси кормандони соҳа ва бозомӯзии онҳо равона шудааст. Таъкид мешавад, ки омода намудани мутахассисон ва такмили ихтисоси кормандони соҳа дар дохилу хориҷи мамлакат аз афзалиятҳои Барнома мебошад.
Барои такмили ихтисоси кормандон дар дохили ҷумҳурӣ, ки ба тақвияти касбии онҳо замина мегузорад, Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» масъул мебошад. Дар ин ниҳод барои такмили ихтисоси сенариянависону наворбардорон, коргардонҳову муҳаррирон доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ барои амалӣ гардидани Барномаи давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Намунаи барномаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳа тартиб дода шуда, Шӯрои илмӣ-таълимӣ иборат аз 15 нафар мутахассиси варзидаи соҳа таъсис ёфтааст, ки барои дар оянда тақвият додани такмили ихтисоси кормандони телевизион ва радио заминаи боэътимод мегузорад. Зеро яке аз мушкилоти асосии соҳа норасоии кадрҳои соҳибтахассус мебошад.
Тавре дар боби 5 ишора шудааст, ҳадафи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти самарабахши соҳаи телевизион ва радио дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат барои таъмини баробари қишрҳои гуногуни ҷомеа, қонеъгардонии ниёзҳои онҳо ва шинохти арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва умумибашарӣ мебошад.
Барои ноил гардидан ба мақсадҳои асосии соҳа ва дар амал ҷорӣ намудани онҳо Барномаи давлатӣ андешидани тадбирҳои зеринро зарур медонад:
- Тавассути шабакаҳои телевизион ва радио фавран ба аҳолӣ расонидани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва пешгирии паҳн намудани маълумоти беасос ва иғвоангез. Вобаста ба аҳамияти муҳим доштани ин ҷанба ҳамзамон телевизион ва радиои маҳаллиро тараққӣ додан зарур мебошад;
- Таҳияи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки дар фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радио тавозуни манфиатҳои давлат, ҷомеа ва афроди алоҳидаро таъмин менамоянд;
- Таҳия ва татбиқи сиёсати пахши барномаҳо аз ҷониби ҳар як шабакаи телевизион ва радиои давлатии ҷумҳуриявиву маҳаллӣ бо дарназардошти уҳдадориҳои оинномавӣ;
- Таҳия ва такмили воситаҳои эҷод ва афзоиши эътибор барои таъмини нуфузи иттилоотии мамлакат;
- Ташкили бунгоҳҳои хабарӣ дар хориҷи мамлакат;
- Муҳайё намудани шароит ва густариши пахши доимии барномаҳои телевизион ва радиои ватанӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ;
- Таҳия ва пахши доимии барномаҳое, ки ба ташаккул, рушд ва паҳн намудани арзишҳои маънавии ҷавобгӯ ба манфиат ва анъанаҳои фарҳангию таърихии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд;
- Тавассути намоишу гуфторҳои гуногунжанр ва пурмӯҳтаво баланд бардоштани савияи донишу маърифат, сатҳи ҷаҳонбинӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарварӣ ва бунёдкорӣ;
- Роҳ надодан ба таблиғи зӯроварӣ ва таҳаммулнопазирӣ тавассути шабакаҳои телевизион ва радиошунавонӣ, таъмини гуногунандешӣ, дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, тамоюли шабакаҳои телевизион ва радиошунавонӣ ба принсипҳои бунёдии сиёсати давлатии иттилоотӣ;
- Муқовимат ва бартарафсозии ҳамла ва ғасби иттилоотию психологӣ, иттилотию фарҳангӣ ва амалҳои дигари таҳдидовар;
- Баланд бардоштани сифат ва дараҷаи рақобатпазирии барномаҳои шабакаҳои миллии телевизион ва радио;
- Риояи қатъии меъёрҳои луғавии забони давлатӣ, талқини эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он;
- Таҳлил (мониторинг) ва натиҷагирии мунтазами ҷараёни татбиқи Барнома;
- Роҳ надодан ба намоиши филмҳое, ки зӯроварӣ, тундравӣ, таассуб, эҳсосоти инқирозӣ ва зуҳуроти дигари ба афкору фарҳанги аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегонаро таблиғ ва ба он даъват мекунанд, ба ҷудоиандозии ҷомеа аз рӯйи мансубияти миллӣ, мазҳабӣ ё аломатҳои дигар равона карда мешаванд.
Дарвоқеъ, амалишавии ҳадаф ва вазифаҳои Барнома имкон фароҳам меорад, ки мушкилоти соҳа бартараф ва барои рушди телевизион ва радиои миллӣ имконият фароҳам ояд. Қабули Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 низоми муосири менеҷмент ва идоракуниро дар телевизион ва радио татбиқ намуда, заминаи моддиву техникиро беҳтар месозад. Сатҳи касбияти кормандон боло рафта, маводи аудиовизуалии ҷолиби таваҷҷуҳ зиёд мешавад. Фароҳам овардани шароит барои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ теъдоди мутахассисони кордонро меафзояд ва фазои солими эҷодӣ ба вуҷуд меорад.
Воқеан, ин тадбири саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манша гирифтааст, барои беҳтар гардидани фаъолияти низоми телевизион ва радио дар Тоҷикистон имконияти бузург фароҳам меорад.
Рушди телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ сабаби тавлиди барномаҳои баландмазмуну рақобатпазир мегардад. Дар шароити ниҳоят душвори кунунӣ, ки маблағгузорӣ ба ин ё он соҳа ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯст, қабули Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 иқдоми бесобиқа ва сутудании Ҳукумати ҷумҳурист, ки аз таваҷҷуҳи беандозаи роҳбарияти олии мамлакат ба тараққӣ ва ривоҷи воситаҳои ахбори омма шаҳодат медиҳад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони соҳа барои амалӣ шудани ин Барнома талошҳои сазовор ба харҷ медиҳанд ва бо пешниҳоди маводи пурмуҳтавои аудиовизуалӣ дар баробари тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, тамошобинон ва шунавандагонро бо лоиҳаҳои ҷолиби худ мафтун месозанд. Бидуни шубҳа, даврони рушду нумӯи тозаи соҳа бо қабули ин ҳуҷҷати муҳим оғоз мегардад.