Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»
ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ва арзишҳои инсонии он бо мурури замон ба қаламравҳои дигар нуфуз пайдо карда, ҳоло ба мероси умумибашарӣ мубаддал гардидааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 март дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе изҳор намуданд.
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза Наврӯз пули дӯстӣ миёни халқҳо, омили сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва намунаи ҳамзистии тамаддунҳо гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф кардааст.
«Ҳикмати дар тӯли ҳазорсолаҳо пойдору устувор мондани Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест, — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. — Асоси онро қонуни табиат – аз сардӣ ба гармӣ баромадан, баробаршавии шабу рӯз, яъне эътидоли баҳорӣ ва оғози гардиши нави зиндагӣ ташкил медиҳад, яъне Наврӯз сирф ҷашни табиат ва инсон аст».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






