200 нафар кормандони низоми бонкии Тоҷикистон аз таҷрибаи ташкилоти қарзии пешрафтаи ҷаҳон огоҳ шуданд

Сентябрь 18, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои беш аз 200 нафар кормандони низоми бонкии мамлакат  давраи омӯзишии фосилавӣ дар шакли рӯнамоии омӯзишӣ дар мавзӯи афзалиятҳои маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо дар доираи барномаи ҳамкорӣ ва рушди cавдои БАТР баргузор намуд.

«Мақсади асосии давраи омӯзишии мазкур таҳкими барномаи ҳамкорӣ ва рушди савдо барои иштирокчиёни бозори Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани тахассус ва кордониву салоҳияти мутахассисони бахши молияву бонкӣ ва хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона шудааст, мебошад», — изҳор дошт  дар оғози давраи омӯзишӣ  муовини Раиси  Бонки миллии Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода.

Мавсуф бо дахли ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои то ин замон барои нигоҳдорӣ ва рушди бахши молиявии мамлакат амалинамудаи БМТ ва БАТР таъкид намуд, ки дар доираи татбиқи  барномаи дастгирии маблағгузории савдо барои беш аз 500 нафар кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ дарсҳои фосилавӣ баргузор шуданд, ки аз ин теъдод 200 нафар кормандон марҳилаи аввали таҳсилро бомуваффақият хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ «GoingGlobal» шуданд. Дар назар аст, ки охири соли равон ба таҳсилгирандагони дигар низ шаҳодатномаҳо супорида шаванд. Таъкид гардид, ки  баргузории чунин даврҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани зарфияти малакаи кормандони масъули ташкилоти қарзии молиявӣ зарур аст ва он дар рушди маблағгузории савдои мамлакат муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, БМТ ин қабил ташаббусҳои институтҳои молиявии байналмилалиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова зикр кард, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ва БАТР лоиҳаҳои зиёдро дар ҳаҷми беш аз 900 миллион  доллари амрикоӣ татбиқ намуданд ва минбаъд низ ҳамкориро дар бахши молия тақвият медиҳанд. Айтен Рустамова иброз дошт, ки новобаста ба хатарҳову мушкилиҳои иқтисодии пас аз хуруҷу бемории COVID-19 ба миён омада, Тоҷикистон тавонист рушди бомароми иқтисодиёти худро таъмин намояд, ки ин аз самаранокии сиёсати иқтисодии мамлакат, аз ҷумла БМТ дарак медиҳад. Танзимгари низоми бонкии Тоҷикистон хатарҳои пешомадаро дуруст таҳлил ва пешбинӣ намуда, барои безарар пушти сар кардани он тадбирҳои зарурӣ андешид, ки ин гувоҳи роҳандозии тарзи дурусти кор дар БМТ мебошад.

Давраи омӯзишӣ, ки дар он аз тамоми минтақаи Тоҷикистон намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ иштирок намуданд, барои пешрафти низоми бонкии ҷумҳурӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Зеро иштирокчиёни он имкон пайдо намуданд, ки бо таҷрибаи ташкилоти қарзии пешрафтаи ҷаҳон ва Аврупо шинос шуда, оид ба шеваи фаъолияти онҳо ва кор дар самти маблағгузории савдо маълумоти муфид ба даст оранд.

Дар давраи омӯзишӣ иштирокчиён вобаста ба фишангҳои муҳими маблағгузории савдо ва хусусиятҳои хоси он, савдои хориҷӣ,  содироту воридот, усулҳои пардохт дар савдои байналмилалӣ ва нақши амалиёти ҳуҷҷатгузорӣ, сарчашмаҳои маблағгузории воситаҳои гардиш, аккредитивҳои байналмилалӣ ва кафолат, дурнамои рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва маблағгузории савдо дар Тоҷикистон табодули назар карданд.

Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани тахассуси кормандони низоми бонкӣ дар бахши пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (фронт-офисҳо), маҳсулоти бонкии маблағгузории савдо (мидлл-офисҳо), менеҷменти хавфҳо, назорати асъор, зерсохторҳои қарзӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.

Сентябрь 18, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст