Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 1, 2020 09:59

ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шералӣ Холов дар заминаи дастгирӣ аз ташаббусҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2019 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат барои насли наврас бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Фармоишгари иншоот Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷик кейтеринг сервис” буда, корҳои паймонкории биноро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Обшорон” ба анҷом расондааст.

Зимни корҳои сохтмонӣ 60 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои истифодаи пурсамар  аз  имконоту шароити мусоиди фароҳамгардида дар бинои нави таълимӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Кӯдакистон аз 2 бинои 3-ошёна бо таҳхона барои 120 нафар иборат буда, дорои 6 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон аст.

Ҳамаи шаш синфхонаи кӯдакистон аз ҳуҷраи либосивазкунӣ, синфхона, хобгоҳ, ҷойи дастурӯйшӯӣ ва ҳуҷраи мураббӣ иборат буда, ҳар яки он дорои шароити мукаммали таълиму тарбия мебошад.

Дар ин даргоҳи маърифат барои ҷалби 40 кӯдак дар гурӯҳи калони томактабӣ, 40 нафар дар гурӯҳи миёнаи томактабӣ ва 40 нафар дар гурӯҳи хурд ба таълими ҳамаҷониба имкони пурра мавҷуд аст.

Омӯзиш дар кӯдакистон бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷрибаю донандагони хуби забони англисӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин даргоҳи нави таълимӣ 33 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Бинои замонавии муассисаи томактабӣ бо дарназардошти меъёрҳои мавҷуда сохта шуда, ҳангоми даромад ба бино дар он роҳрави алоҳидаи махсус барои афроди дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ низ бунёд гардидааст.

Кӯдакистон дорои лифт ва хати алоҳидаи барқу трансформатор мебошад.

Бинои нави таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин аст ва роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона ҳамаҷониба оро ёфтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин даргоҳи маърифат бо тарбиятгирандагон  суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ  ва  синфхонаи гимнастикӣ низ барои ҳамаи кӯдакон таъсис ёфтааст.

Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи методӣ ва ду ошхонаи барҳаво бо системаи дастраскунии молу ашё ва хӯрок аз поён ба боло мебошад.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, даъват ба амал оварданд, ки барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо истифода аз имконоту шароити фароҳамгардида тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.

Дар саҳни боғчаи нав 4 айвонча низ бо талаботи муосири баргузории машғулиятҳо сохта шуда, майдончаи ҳавлии кӯдакистон ҳам барои гузаронидани бозиҳои гуногун ва ҷалби наврасон ба солимгардонӣ хеле мувофиқ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбияи насли наврас дар кӯдакистон ба соҳибкори ватанӣ барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Амалисозии ин гуна иқдомҳои наҷиб омили муҳим дар роҳи татбиқи босифату босамари “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 -2020” мебошад.

Атрофи бино дар масоҳати 110 метри мураббаъ сабзазор гардида, нишастгоҳҳо низ гузошта шудаанд.

Намои биноро шабонгоҳ чароғҳои гуногун зиннат мебахшанд.

Ифтитоҳи Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе” 01.09.2020

Сентябрь 1, 2020 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд