ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Норак бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешавад
НОРАК, 03.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаи Лангар барои 200 нафар дар ду баст бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ, бинои хобгоҳи кормандони корхонаи ҶСК «Тоҷик СГЭМ»-и шаҳр иборат аз се ошёна, ошхонаи кормандон ва бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ба анҷом расид, ки дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни миллӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Норак Шуҳрат Азимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 193 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 83 иншоот, аз ҷумла 3 адад биноҳои маъмурӣ, 5 адад майдонҳои варзишӣ, 2 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 6 адад иншооти фарҳангӣ, 64 адад иншооти соҳаи сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, нуқтаҳои савдо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн, ҳаммому сартарошхонаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Инчунин дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни миллӣ аз ҳисоби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ то соли 2021 бинои Маркази адлия ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур барои мақомоти САҲШ, Ёрии ҳуқуқӣ ва идораи нотариалии давлатӣ бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад, ки он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, равзанаи ягона, толори бақайдгирии ақди никоҳ ва меҳмонхона мебошад.
Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродова гуфт, ки “бинои Маркази адлия дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи Пешвои муаззами миллат ба мо, кормандони САҲШ-и шаҳри Норак мебошад. Дар даврони истиқлолият ҳама гуна пешравӣ, рушд, созандагӣ, бунёдкорӣ ва тараққиёти давлатамон дар заминаи сулҳу субот ба даст меояд, ки он бар асари талош, пайкор, матонат, шуҷоат, заҳматҳо, ақлу хиради бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пайкорҳои пайвастаи Пешвои миллат дар доираи як мамлакат маҳдуд намегарданд, балки онҳо чун нури офтоб арсаи ҷаҳонро фаро мегиранд. Аз ин ҷост, ки имрўз давлати мо ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии ҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи ваҳдати мардумони ҷаҳон табдил ёфтааст. Аз ин рӯ мо, ҷавонони даврони истиқлол ба боварии комил гуфта метавонем, ки Ватани ба ҷон баробари худро бо азму иродаи қавӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат боз ҳам ободу зебо намуда, ба сокинони диёри хеш содиқона хизмат менамоем”.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад






