Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пеш меравад»

Сентябрь 8, 2020 11:16

ДУШАНБЕ, 08.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Қадрдонии роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмазода дар ҷамъомаде, ки  бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, зикр намуд.

Дар ҷамъомад ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  ва меҳнати софдилонаю пурсамари  тӯлонӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушду инкишофи низоми бонкӣ 8 нафар кормандони фаъоли Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он бо нишони сарисинагии «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон» ва 14 нафар бо Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро бо 29 –умин  солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми мамлакат арзиши олӣ ба шумор меравад ва дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ мақом ва манзалати хосса дорад. Зеро маҳз ба шарофати он давлати моро   ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. “Бузургтарини дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорист. Ин ҳама бо азму ирода ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал  омад. Соли 2020 дар таърихи мамлакат ҳамчун соли рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ сабт хоҳад шуд, зеро 11  октябр интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ин рӯ ҳар кадоми мо вазифадорем, ки ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ва огоҳона ширкат варзида,  онро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву муттаҳидӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намоем», — изҳор дошт РаиситБонки миллӣ.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамзамон тазаккур дод, ки низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва бо вуҷуди душвориҳо вобаста ба вазъи буҳронии замони муосир ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

«Мардуми меҳнатқарини мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тавонист 29-солагии Истиқлолияти  давлатиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо дастовардҳои намоён истиқбол менамояд. Айни замон  мо ҳама шоҳидем, ки чор ҳадафи стратегии мамлакат – раҳоӣ  аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат  бо роҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат амалӣ шуда истодаанд ва вазифаи ҷомеаи шаҳрвандии мо ҳамчунин иштироки фаъолона дар иҷрои муваффақонаи ин ҳадафҳои стратегӣ мебошад»,- гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Сентябрь 8, 2020 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст