Ба сокинони шаҳри Хуҷанд моҳияти баргузории интихобот фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бо иштироки аҳли маҳаллаи «Тути калон» оид ба фаҳмонидани моҳияти баргузории интихобот ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ифтихор ва ҳувияти миллии шаҳрвандон вохӯрӣ баргузор гардид.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ баён дошт, ки «пешорӯи мо, интихобкунандагон маъракаи муҳими сиёсӣ қарор дорад. Ҳоло ҳизбҳои сиёсии мамлакат номзадҳои худро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ карданд. Маърифати баланди сиёсӣ омили дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани интихобот мегардад. Мулоқоти имрӯза низ маҳз ба ҳамин масъала бахшида шудааст».
Зикр шуд, ки интихобот барои ҳар миллат марҳилаи тақдирсоз маҳсуб мешавад. Маҳз пешрафт ва шукуфоии миллат аз чигунагии натиҷаҳои интихобот вобастагии калон дорад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон таҷрибаи бузурги баргузории интихобот дорад ва имрӯз интихобкунандагон довари ҳақгӯ ҳастанду хуб медонанд, ки ба ҷонибдории кадом номзад бояд овоз дод.
Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баробарии ҳуқуқҳоро кафолат додааст.