Дар Душанбе оид ба сайёҳии экологӣ давраи омӯзишӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 28 сентябр то 1 октябр дар шаҳри Душанбе вобаста ба сайёҳии экологӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ёрирасони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ доир менамояд.
Машғулияти омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо дар сиғаи онлайн бо иштироки коршиносони байналмилалӣ аз давлати Юнон баргузор мегардад. Ҳадафи машғулияти омӯзишӣ мутобиқати сертификатсияи экологии давлат ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳифз ва нигоҳдории табиат бо роҳи сайёҳӣ ва сабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист мебошад. Интизор меравад, ки моҳи октябр чунин машғулияти омӯзишӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд низ бо ҷалби субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ баргузор карда шаванд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сайёҳии экологӣ дар саноати туризм ва меҳмонпазироии ҷаҳон нақши муҳим мебозад.
Тибқи маълумоти коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, дар зарфи 10 соли охир байни гардишгарон сайёҳии экологӣ бештар машҳур гашта, яке аз фишангҳои устувори рушд дар давлатҳои ҳавасманд маҳсуб меёбад.
Зарурати рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти захираю иқтидорҳои бои сайёҳӣ, инчунин омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди маҳал дар минтақаҳои дурдасти мамлакат рабт дорад. Сарчашма хабар медиҳад, ки иқтидори иқтисодии сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон бемаҳдуд аст. Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат ва дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони соҳа, дар баробари дигар намудҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ сайёҳии экологӣ самти афзалиятнок ва ояндадор ба шумор меравад. Зеро пурсишҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ миёни сайёҳон бозгӯи он аст, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ дар баробари дигар навъҳои сайёҳӣ ба сайёҳии экологӣ бештар афзалият дода мешавад. Дар ин ҷода, ба рушди минбаъдаи сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон имконоти ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ, ки беш аз 20 фоизи қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегиранд, мусоидат менамоянд.
Акс аз манбаъҳои дастрас








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






