Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба Рӯзи байналмилалии сулҳ конференсияи назариявӣ доир гардид

Сентябрь 21, 2020 14:04

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири таҷлили арзандаи Рӯзи байналмиллалии сулҳ, ки ҳамасола дар тамоми  ҷаҳон 21 сентябр ҷашн гирифта мешавад, Кумитаи кор бо занон ва  оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон  таҳти унвони «Нақши занону модарон дар таҳкими сулҳу субот» бо иштироки Шӯрои занони сулҳофари назди Кумита, намояндагони ақаллияти миллӣ, занони фаъол ва кормандону донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» конференсияи назариявӣ доир намуд.

Дар конференсияи мазкур Раиси Кумитаи кор бо  занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки «таҷлили  имсолаи Рӯзи байналмилалии  сулҳ ба марҳилае рост омадааст, ки миллату давлат ва аҳли ҷомеа ба маъракаи муҳими сиёсии  дарпешистода- интихоботи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо қувваи созанда омодагии ҳамаҷониба  дида истодаанд. Итминони  комил дорем, ки занону духтарони тоҷик  раъйи худро ба номзади арзанда, ки тақдири халқу миллат ва давлатро тӯли 7 соли минбаъда муайян мекунад,  медиҳанд».

Зикр шуд, ки ҷонфидоиҳову ғамхории модарону бонувон дар таҳкими сулҳу субот пурарзиш буда, ҳамаи онҳое, ки он рӯзҳои душвори расидан ба имрӯзи осоиштаро дар ёд доранд, хуб медонанд, ки бо чӣ қадар талошҳо миллат аз парокандагӣ ва давлат аз нестӣ раҳоӣ ёфт. Маҳз ҳамин талошҳо буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти  комил ба даст оварда, Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба нақшу ҷойгоҳи занон дар ҷомеа  диққати доимӣ  зоҳир намуда, ҳуқуқу озодиҳояшонро ҳамаҷониба  дастгирӣ  менамояд.

Раиси ТҶ «Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Латофат Шарипова иброз намуд, ки  Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд таъмини сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба онро яке аз масъалаҳои муҳими замон мешуморад. Зеро маҳз бо доштани сулҳу амният ҷомеаи мутамаддин метавонад пеш равад. Имрӯз ҷаҳониён аз мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, онро намунаи ибрат медонанд. Тавре Пешвои миллат зимни як суханронӣ зикр намуда буданд, «занон ва модарони мамлакат барои пойдор намудани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ нақши калидӣ ва саҳми беандоза доранд».

Иштирокдорони Конференсия тибқи барнома ба сухан баромада, аз дастовардҳою муваффақиятҳои занону модарони тоҷик дар таҳкими сулҳу субот,  ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, даъвати наврасону  ҷавонон ба ватандориву  инсондӯстӣ, вусъати корҳои созандагӣ,  таҳкими муносибатҳои  оиладорӣ ва бунёди  ҷомеаи солим сухан гуфтанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола 21 сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ин рӯзи соли 1981 Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади арҷгузорӣ ва таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон қатънома қабул намуд, ки ба ин ид асос гузошт.

Иди мазкур аввалҳо душанбеи сеюми моҳи сентябр ҷашн гирифта мешуд. Бо гузашти вақт ва муҳимияти ин рӯз Ассамблеяи генералии СММ қатъномаи дигар қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2002 инҷониб 21 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад.

Сентябрь 21, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд