Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ мебинанд
Ҷ. РАСУЛОВ, 05.09.2020. /АМИТ Ховар/. 11 октябри соли 2020 дар мамлакат интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин замина имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва гузаронидани маъракаи интихоботӣ корҳои омодагӣ ба иҷро расонида шуда истодаанд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд то имрӯз дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №42» ташкил гардида, тибқи маълумоти оморӣ, шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавза 81 397 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре масъули шуъбаи кор бо воситаҳои ахбори оммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Азиз Набиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар робита ба ин омодагиҳо то имрӯз дар ноҳия бо иштироки намояндагони раёсати кадрҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи ҳавзавии интихоботии Ҷаббор Расулов, №42 бо иштироки ҳайати эҳтимолии комиссияҳои участкавӣ якчанд семинари дастурдиҳӣ баргузор гардида, инчунин ба ҳамаи участкаҳои интихоботӣ маводи зарурие, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, тақсим карда шуданд.
Имрӯз дар ноҳия як ҳавза ва 43 участкаҳои интихоботӣ ташкил ва ҳамаи онҳо бо лавозимоту маводи зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин баҳри бештар ҷалб намудани интихобкунандагон ба маъракаи интихобот дар маркази ноҳия, кӯчаҳои протоколӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва ҷойҳои серодам шиору овезаҳо насб карда шудаанд.
Аз 373 нафар аъзои комиссияҳои участкавии интихобот 25,7 фисадашро ҷавонони то 35-сола ва 57,6 фисадашро бонувон ташкил медиҳанд. Ин гувоҳи саҳми назарраси ҷавонон ва бонувони фаъоли ноҳия дар омодагӣ, ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳимӣ сиёсӣ мебошад.