Дар Тоҷикистон заминаи бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ вуҷуд дорад

Сентябрь 25, 2020 15:09

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилатадбирҳо андешида шуда истодаанд. Бо қарори Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, таъсис дода шудаанд. Аз ин шумора 4 ҳавза дар шаҳри Душанбе мебошад ва ҳавзаҳои мазкур ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Мудири шуъбаи назорати  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Насимҷон КАРИМЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” София ШОИК  оид ба аҳамияти интихобот ва фаъолнокии овоздиҳандагон  дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ чунин ибрози  назар намуд:   

-Яке аз принсипҳои асосие, ки мақоми ҳар шаҳрвандро дар интихобот муайян менамояд, принсипи умумият ба ҳисоб меравад. Ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти сиёсӣ, ақидаҳои сиёсӣ, аъзои кадом ташкилоти сиёсӣ буданашон, синфӣ, миллию этникӣ, касбӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва новобаста аз сатҳи даромад, боигарӣ, маълумотнокӣ  ҳуқуқи иштирок дар интихобот доранд. Принсипи мазкур фақат дар  ҳолатҳои мушаххас маҳдуд мегардад. Пеш аз  ҳама, он шаҳрвандоне ҳуқуқи интихоботиро соҳиб нестанд, ки синну солашон ба меъёр мувофиқ нест ё ки онҳо бо қарори суд аз озодӣ маҳрум шудаанд. Шахсони гирифтори касалии рӯҳӣ ва шахсоне, ки дар макони истиқомат ба муддати зарурӣ муқимӣ набуданд, дар интихобот иштирок карда наметавонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чӣ дар гузаштаи начандон дур ва чӣ дар замони муосир дар рафти инкишофи хеш интихоботро дар сатҳи гуногун истифода менамояд. Раванди интихобот, ки мураккабу пурҷараён аст, масъалаҳои мухталиф пеш мегузорад. Дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро мақсади хеш қарор додааст, рӯ овардан ба интихобот ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузург ва умуман, инкишофи ҷомеа амри воқеъист.

Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Нақши интихобот дар амалӣ гардидани ҳокимияти халқ муҳим буда, мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқ пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки ташкил ва раванди интихоботро дар ҷумҳурӣ таҳким мебахшанд. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санаду қонунҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дохил мешаванд. Таъкид кардан зарур аст, ки чунин санадҳо асосҳои сиёсию ҳуқуқии низоми ташкили интихобот дар ҷумҳуриро таҳким бахшида, раванди баргузории онро самаранок мегардонанд. Раванди ташкил ва баргузории интихобот аз ҷомеа ва элитаи сиёсӣ фаъолнокӣ ва иштироки баланди сиёсӣ талаб дорад, зеро иштироки васеи омма ва раъй додан ба номзади арзанда, ҳамчунин ташкили ҳокимият дар заминаи интихобот фаъолнокӣ тақозо дорад.

Тибқи моддаи 6 — и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ арзи ҳастӣ доранд. Ҷумҳурии мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ давоми бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон шароити мусоидро ҷиҳати ташаккул ва амалӣ гардонидани ҳокимияти худ фароҳам оварда истодааст.

Маъракаи интихобот давраи муҳими муайянкунандаи ояндаи дурахшон  ба ҳисоб меравад. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсииҶумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд. Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣманъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд”.

Интихобот воситае мебошад, ки шаҳрвандон манфиатҳои худро дар симои номзади арзанда бо манфиатҳои миллӣ воқеӣ мегардонанд. Бояд зикр кард, ки ин ҳолат боиси пешгирии низоъ ва бархӯрди манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ дар ҷомеа мегардад.  Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки чунин вазифаи интихобот барои мавҷудияти минбаъдаи давлату миллати мо хеле нақши бориз гузоштааст. Ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаҳои гурӯҳӣ ва бархурди манфиатҳои онҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  хатари нобудшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон дунболагирӣ менамуд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар чунин вазъи ноором ва сарнавиштсоз вакилони мардумӣ маҳз ба воситаи интихобот тавонистанд дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари арзандаи худро интихоб намоянд ва давлатро аз хатари парокандагӣ раҳо намоянд. Яъне дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон интихобот тавонистааст бо чунин вазифаи худ “намояндагӣ аз манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини субот дар ҷомеа” нақши худро гузорад.

Мавриди тазаккур аст, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ ва садҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Онҳо бояд субъектҳои фаъол ва созандаи ҷомеа бошанд. Дар баробари ин, онҳо имконият доранд, ки ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хешро дар байни мардум озодона  ва дар асоси  санадҳо ва меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тарғиб намуда, ҷонибдорону ҳамфикрони худро пайдо кунанд ва барои ободии ояндаи халқу мамлакат фаъолият намоянд.

Яъне, интихобот ҳамчун унсури муҳими ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандон, ташаккул ва таҳкими сохтори сиёсӣ, инчунин дар амалӣ гардонидани ҳокимияти халқ нақши сазовор дорад. Аз ин рӯ, тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар он муайян созанд.

Сентябрь 25, 2020 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон